Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳар гоҳ фикр мекард, ки рақибаи вай бехабар аз бахту саодати худ мисли ӯ азоб мекашад, ба бадбахтии вай шодӣ мекард.

Ғайр аз ин дар дили вай умеде пайдо шуд, ки тамоми воқеаҳои рӯйдода дили креолдухтари мутакаббирро аз одаме, ки ба вай лутфу марҳамат карда буд, хунук гардонад, вале ин умеди пуч буд. Ӯ аз рӯи таҷрибаи худ медонист, ки барои ишқу муҳаббат монеаҳои табақавӣ вуҷуд надоранд. Худӣ вай мисоли ҳамин шуда метавонист. Вале Исидора умедвор буд, ки вохӯрии онҳо дар ҳакале боиси дарду алами рақиби манфураш гардид ва метавонад ӯро бадбахт гардонад.

Вақте ки мексикоидухтар бо отряд дучор омад, бо шодии дарунсӯз дар ин бора фикр мекард.

Чун ҳамроҳи онҳо гашта ба қафо равон шуд, кайфу холаш тағйир ёфт. Луиза мебоист бо ҳамон роҳи омадагиаш бармегашт. Вале дар пайраҳа ҳеҷ кас наменамуд.

Эҳтимол, креолдухтар аз фикраш гашта ва, шояд, ҳозир ба бемор нигоҳубин мекарда бошад, чи тавре ки худи Исидора ҳамин орзуро дошт.

Акнун мексикоидухтар дили худро бо ҳамин таскин медод, ки дақиқан шарманда гардонидани рақибааш, ки бахту саодати ӯро рабудааст, наздик аст.

Аз саволҳое, ки Пойндекстер ва ҳамроҳонаш ба ӯ медиданд, Исидора бисёр чизҳоро фаҳмида гирифт ва пас аз пурсупоси Колхаун ҳамааш тамоман равшан гардид. Вақте ки отряд дур шуда рафт, ӯ чанд гоҳ дар канори паттазор дудила шуда истод, ки ба Леона равад ё ба ҳакале баргардад ва худаш шоҳиди он ҷанҷоли шадид гардад, ки ба туфайли ёрии вай мебоист дар он ҷо шурӯъ мешуд.


Исидора дар канори пахтазор дар сояи дарахтон истодааст. Ӯ савори аспи кранд мебошад: сӯрохҳои бинии мустанг медаманд ва ҳаросон аз паси отряди навакак монда рафта, ки савори танҳое ба он расида гирифтани аст, менигарад. Шояд, мустанг тааҷҷуб мекунад, ки чаро вай гоҳ чорхез ба он сӯ ва гоҳ ба қафо метозад; воқеан ӯ ба инҷиқиҳои бонуяш одат карда буд.

Исидора ҳам ба он тараф — ба нӯги дарахти сарв, ки бар болои ҷарии водии Аламо кад афроштааст, менигарад.

Ӯ мебинад, ки чӣ тавр отряд ва аз ҳама қафо шахсе, ки ӯро батафсил пурсупос карда буд, ба нишебӣ мефурояд. Вақте, ки

пешина
аз 509
навбатӣ