Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ҳиндӯҳо омадаанд, ё ба ҳар ҳол, касони ба онҳо бисёр монанд... Иосафат! Ин зан аз куҷо асп тозонда омада истода бошад?
Дар ҳамин лаҳза аз тарафи ҷарӣ барҷало садои суми асп шунида мешавад.
Акнун ба ҳама маълум буд, ки барои чӣ Зеб суханашро бурид: лаб-лаби ҷар аспе бо суръати тамом тохта меояд. Бар асп зане савор мебошад — мӯяш дар шамол парешон мешавад, кулоҳ ба ресмон андярмон дар тахтапушташ алвонҷ мехӯрад.
Асп чунон босуръат метозад ва ба лаби ҷар чунон наздик мебошад, ки гӯё савора ӯро эҳда карда наметавонад. Вале не.
Аз рафтори савора ин тавр не — зоҳиран, ӯро ин суръат конеъ намекунад ва ӯ дам ба дам аспашро бо қамчин, маҳмез ва фарёд ҳадақа мекунонад.
Ин барои тамошобиноне, ки дар поён дар ялангӣ истодаанд, маълум мебошад, вале онҳо намефаҳманд, ки чаро вай лаб-лаби ҷар асп метозонад. Онҳо бо тааҷҷуб хомӯш меистанд, вале на барои он ки кӣ будани ӯро намедонанД. Ҳама ба як дидан ӯро шинохтанд. Савораи ҷасур — ин ҳамон зане буд, ки роҳи кулбаро ба онҳо нишон дода буд.
Боби LXVI
ТАЪҚИБ КАРДАНИ КОМАНЧИҲО
ЗАНЕРО
Он зан Исидора буд, ки ногаҳон ба таври аҷиб пайдо шуд.
Чӣ ӯро ба гашта омадан маҷбур сохт? Ва чаро ӯ ин гуна босуръат асп метозонд?
Барои эзоҳ додани ин мо бояд ба сари фикрҳои тираи ӯ баргардем, ки вохӯрӣ бо техасиҳо онҳоро қатъ гардонида буданд.
Вақте ки Исидора чорхез асп тозонда аз соҳилҳои Аламо дур мешуд, ӯ ҳатто ба ақиб баргашта нигоҳ кардан намехост, ки аз паяш ягон кас меояд ё не. Ӯ дар банди фикрҳои тираи касосгирӣ роҳашро давом медод ва ягон маротиба ҳам ба кафо барнагашт.
Ин ки Луиза Поиндекстер ҳам гӯё аз аҳвол баромада рафтани буд, ба дили духтари мексикой кам таскин мебахшид.
Ӯ бо як зиракии занона сабабашро пай мебурд, аммо худаш аз ҳад зиёд нағз медонист, ки ин фақат иштибоҳ мебошад. Ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор