Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

изи поҳуни койотҳо бошад. Ин калламағз дар бораи палангим-чиҳо гуфт, вале моро алонда намешавад.
— Кадом калламағзро мегӯй? Марди ирландӣ Фелимро?
Қани вай?
— Ҷонашро гирифта гурехт. Ин корро ки анҷом додем, ӯро кофта меёбем. Ҳалқаи арғамчинро ки ба гарданаш андохтем, рости гапро мегӯяд.
— Агар дар бораи паланг бошад, шумо ҳеҷ чизи нав дониста гирифта наметавонед. Он маҳлуқро ман ба чашмам дидам ва базӯр расида рафтам, ки ҷавонро аз чанголаш раҳонам. Вале гап дар ин не. Фелим боз чӣ гуфт?
— Қиссаи дурмадарозе дар бораи кадом як ҳиндуҳо. Аммо ба ин кӣ бовар мекунад!
— Чӣ шудааст, ба ман ҳам ҳаминро нақл кард. Ҳамзааш ба ҳақиқат наздик. Ӯ гуфт, ки онҳо картабозӣ мекарданд. Ана бинед, ман аз рӯи кулба як даста карта ёфтам. Ин картаҳои испанӣ.
Зеб картаҳоро аз киса бароварда, ба Сэм Мэнли дароз мекунад.
Маълум мешавад, ки картаҳо мексикой будаанд, ки одатан вақти монте бозӣ кардан истифода менамоянд: моткаҳо дар онҳо савора, қарамашоқ ба шакли шамшер, чилликҳол — мисли болғаи калон тасвир ёфтаанд.
— Кӣ шунидааст, ки команчиҳо картабозӣ кунанд? — овозе баланд гардид, ки гувоҳиро дар ҳаққи ҳиндуҳо шунида тамасхур кард.— Гапи беҳуда!
— Ба фикри ту, гапи беҳуда! — ҷавоб медиҳад яке аз шикорчиёни пир, ин қариб як сол маҳбуси команчиҳо будааст.— Шояд, гапи беҳуда бошад, лекин дар айни замон ин ҳақиқат аст. Чандин маротиба ба ҷои стол дар рӯи пӯсти говмеш картабозӣ карданашонро дидаам. Онҳо ҳамон монтеи мексикоиро бозӣ мекарданд, ки эҳтимол, аз маҳбусони худ ёд гирифта буданд — дар қабилаҳои гуногун шумораи ин маҳбусон ба се ҳазор мерасад. Ҳар чӣ ки набошад,— гапашро тамом мекунад пирамард,— команчиҳо картабозӣ мекунанд, ин ҳақ асту рост.
Зеб Стумп аз ин баёнот хурсанд мешавад — он ба нафъи гунаҳгор мебошад. Далеле, ки ҳиндуҳо ба ҳавлиҳо омада будаанд, рафти воқеаро тағйир медиҳад. То ҳол ҳама фикр мекарданд, ки онҳо дур аз поселка роҳзанӣ мекунанд.
— Албатта, ин ҳамин тавр,— ин далелро истифода намуда гапи ӯро қувват медиҳад Зеб, то ҳозиронро ба зарурати мавқуф гузоштани мурофиаи суд бовар кунонад.— Ба ин ҷо

пешина
аз 509
навбатӣ