Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ино ман гуфтам! — ҷавоб медиҳад Колхаун ва пеш мебарояд, ки Зеб ӯро бубинад.
— Ох, ин шумоед, мистер Кассий Колхаун? Дар байни онҳо адоват буданашро шумо медонистед. Шумо ҷанҷолу ҳархашан нақл кардагиатонро бо чашматон дида будед?
— Ман ин гапро нагуфтам. Ғайр аз ин, ман асло ба саволҳои шумо ҷавоб доданӣ нестам, Зеб Стумп. Ман ба касе, ки ба талаб кардани гувоҳӣ ҳуқуқ дошт, онро додам ва ин кифоя... Ҷентлменҳо, ба фикрам шумо ҳамаатон ба қарори бароварда розӣ ҳастед. Ман намефаҳмам, барои чӣ ин пири сафил шарик мешавад...
«Пири сафил!» — фарёд мезанад шикорчӣ.— Шумо маро пири сафил меномед? Қасам мехӯрам, ки шумо боз ин суханонатонро гашта мегиред! Ино ба шумо Зебулон Стумп аз Кентукки мегӯяд. Ҳар кор ба мавридаш, Мистер Кассий Колхаун, навбати шумо ҳам меояд ва шояд, аз тахминатон барвақтар биёед... Аз ваҷҳи ҷанҷолу ҳархашаи Генри Пойндекстер ва ин ҷавон бошад, — ба Сэм Мэнли рӯ оварда ба гап давом менамояд Зеб, — ба ягон суханаш бовар намекунам. Ва аз сафсатаи ҳолии мистер Колхаун дида, далелҳои басе эътимоднок набошанд, ҳеҷ гоҳ бовар намекунам. Суханони вай ба он чи ки ман медонам, муқобиланд. Шумо мегӯед, ки далелҳои нав доред? Ман ҳам дорам. Ва далелҳое, ки ба фикрам, баъзе ҷиҳатҳои ин кори пурасрорро равшан мекунанд.
— Чӣ хел далел? — мепурсад Сэм Мэнли.— Гап зан, Стумп.
— Онҳо якчандто мебошанд. Пеш аз ҳама худатон мебинед, ки ҷавони маҷрӯҳ мебошад. Ман ҷойҳои харошидагии баданашро намегӯям. Маҷрӯҳ буданашро қойотҳо ҳис намуда ӯро хаста кардаанд. Вале ба зонуи вай нигаред. Ин ҳаргиз кори қойотҳо не. Сэм Мэнли, ту дар ин бора чӣ фикр мекуӣ?
— Ин... Бачаҳо фикр мекунанд, ки ин дар вақти задухӯрди ӯ бо...
— Дар вақти задухӯрд бо кӣ? — якбора мепурсад Зеб Стумп.
— Одаме, ки беному нишон гум шуд.
— Ҳа, фикри мо ҳамин, — мегӯяд яке аз «мунтазамиён».— Мо ҳама медонем, ки Генри Пойндекстер, худашро мисли гӯсола сар задан намемонд. Ҳардуяшон зантузанам кардаанд ва зонуи мустангер ба санг хӯрдааст. Барои ҳамин ҳам варам кардааст. Ғайр аз ин лабаш кабӯд мебошад ва эҳтимол меравад, ки он осори дастаи таппонча мебошад. Изи ҳанҷол аз чӣ бошад, мо намедонем — шояд, хор харошида, ё чӣ тавре ту мегӯй,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор