Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

бача, онгоҳ, яқин, дигар хел гап мезадед. Намедонам ки ин ба шумо чӣ дахл дорад.

— Лекин ман чӣ тавр дахл доштанашро медонам; аввалаш ин ҷавон — дӯсти ман аст, агарчи ба наздикӣ ба ҷойҳои мо кӯчида омадааст, дуюм, Зеб Стумп ба разолату қабоҳат тоб намеорад, агарчи онҳо дар даштҳои Техас содир гарданд ҳам.

— Разолату Шумо инро разолат меномед?.. Техасиҳо, наход шумо аз ин лаккӣ тарсед? Кашол надода корро ба охир расондан лозим. Хуни мактул ба гирифтани инқор даъват мекунад. Аргамчинро ба даст гиред!

— Даст занеду кандатона хӯред! Қасам, ки ҳар касе ба ин ҷуръат кунад, даст нарасондан пеш ба хок яксон мешавад! Шумо ҳар кадаре, ки дилатон хоҳад, метавонед, ин бечораро ба шоҳи баланд овезед, аммо ин кор ҳамон вақте анҷом дода мешавад, ки Зебулон Стумп мурда ба рӯи алаф меафтад ва якчанд нафар аз шумо дар паҳлӯи вай мехобад. Хӯш, канӣ! Кӣ аввал шуда ба аргамчин даст мебарад?

Пас аз суханони Стумп хомӯшии маргбор ба миён меояд. Мардум аз ҷой намеҷунбанд — қисман аз қабули даъвати муборизаталабӣ метарсанд, қисман аз иззату эҳтироме ки нисбат ба далерӣ ва олиҳимматии шикорчӣ доранд. Ба ҳар ҳол баъзеҳо ба адолатнокии он чӣ ки Колхаун онҳоро бармеангезад, шубҳа мекунанд.

Шикорчии пир рӯҳияи онҳоро моҳирона истифода менамояд.

— Ҷавонро одилона суд кунед, — талаб менамояд вай. — Биёед ӯро ба поселка мебарем ва бигузор ӯро дар ҳамон ҷо суд кунанд. Шумо далелҳои раднашавандае надоред, ки вай дар ин кори нопок иштирок кардааст ва, ба ҳафт пушташ лаънат, агар ман инро ба чашмам надида бовар кунам! Ба Пойн-декстери ҷавон чӣ гуна муносибат доштанашро ман медонам. Ӯ ҳаргиз ба Генри душманигарӣ надошт — баръакс, ҳама вақт дар ҳаққи вай бо меҳру муҳаббат гап мезад, агарчи бо бачаи аммаи ӯ камтар калла ба калла омада буд.

— Мистер Стумп, аз он чӣ ки навакак ба мо нақл карданд, шумо хабар надоред, — эътироз менамояд Сэм Мэнли.

— Он чӣ будааст?

— Шаҳодате, ки айнан акси ҳаминро нишон медиҳад. Мо исботе дорем, ки дар байни Чералд ва Пойндекстери ҷавон на фақат хусумат, балки муноқишаем сар зада шудааст, ки маҳз ҳамон шаб рӯй дода шудааст.

— Инро кӣ гуфт, Сэм Мэнли?

пешина
аз 509
навбатӣ