Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби LXV

БОЗ ЯК ТАЪХИРИ ТАСОДУФӢ

Маротибаи сеюм тамошобинон ва артистони фоҷиаи пурдаҳшат ҷойҳои худро ишғол мекунанд.
Лассо боз ба шохи дарахти анҷир партофта мешавад. Ҳамон ду ҷаллод нӯги лассоро ба даст мегиранд. Акнун онҳо онро таранг мекашанд.
Маротибаи сеюм аз дили ҳама чунин фикр мегузарад:
«Ба зудӣ Морис Ҷералд ҷон ба ҳақ месупорад!»
Марги мустангер ба назар ҳатмӣ менамояд. Ҳатто ишқу муҳаббат ӯро наҷот дода натавонист. Боз чӣ гуна қувва метавонад, ки ин оқибати маҳшумро пешгирӣ намояд?
Ӯро наҷот додан ғайриимкон буд — барои ин акнун вақт нест. Дар нигоҳи ҷиддии тамошобинон ба ҷои тарахҳум фақат бетоқатӣ дида мешавад. Ҷаллодон ҳам мисли ин ки аз таъхири наве метарсида бошанд, шитоб мекунанд. Онҳо бо чолокии мутахассисони касбӣ расанро ба кор мебаранд. Назар ба ваҷоҳаташон барои онҳо ин кори мукаррарӣ мебошад.
Шаст сония нагузашта ҳамааш ба поён мерасад.
— Ӯй, Билл, тайёр шудӣ? — зоҳиран, мунтазири фармон нашуда, як ҷаллод мепурсад аз дигараш.
— Ҳа, — ҷавоб медиҳад Билл. — Ин мурдорро ба сари дор мекашем!
Арғамчипро мекашанд, вале на ба андозае сахт, ки ҷисми маҳкумро аз замин бардоранд. Ҳалка дар атрофи гардани вай кашида мешавад, каме сари ӯро мебардорад — ҳамааш ҳамин. Аз ҷаллодон фақат як нафараш арғамчипро кашид.
— Каш охир, лаънатӣ! — фарёд мезанад Билл, аз беғайратии ёрдамчиаш дар тааҷҷуб монда. — Чаро даҳаната кушода истодӣ?
Билл пушт ба сӯи беша менистад ва аз паси дарахтон баромада мондани шахсеро, ки ҷаллоди дигар баробари ӯро дидан, арғамчипро сар дода, дар ҷояш карахт мешавад, намебинад.
— Канӣ, гир! — фарёд мезанад Билл. — Як, ду — каш!
— Номаъқул кардӣ! — овози барқосо баланд мегардад; марди қоматбаланди милтик дар даст аз паси дарахтон мебарояд ва лаҳзаи нагузашта ӯ худро ба миёни ҷамоат мерасонад. — Номаъқул кардӣ! — такрор мекунад ӯ ва ба болои шахси паҳн шуда хобида ҳам гашта, мили милтики дарозашро ба тарафи ҷаллодон менигаронад. — Аз рӯи тахмини ман ҳанӯз

пешина
аз 509
навбатӣ