Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Бигузор суди одилона барпо гардад! — ким-ки формулай тантананоки судиро баланд фарёд мезанад.
— Бигузор барпо гардад! — дигарон ҳамовоз мешаванд.
— Бубахшед, мисс, вале мо бояд аз шумо илтимос намоем, ки аз ин ҷо равед... Мистер Пойндекстер, зоҳиран, духтаратонро бурданатон дуруст меояд.
— Рафтем, Лу! Ин ҷои ту не. Рафтанат лозим... Не мегӯй? Худои раҳим! Ту аз раъйи ман сар мепечӣ?.. Кассий, аз дасташ гиру ӯро аз ин ҷо дафъ кун... Агар бо хости худат наравӣ, зӯракӣ туро бурдан дуруст меояд. Аклата ба ҷояш биёр! Ба гапам даро, рав охир.
— Не, падар! Намехоҳам. То даме ки ту ваъда надиҳӣ, то даме ки ҳама ваъда надиҳанд, ман намеравам...
— Ҳар қадар майлу хоҳиш надошта бошем ҳам, мисс, мо ба шумо ҳеҷ чиз ваъда карда наметавонем. Умуман ин кори занҳо не. Ҷиноят содир карда шудааст, одам куштаанд, шумо худатон инро медонед. Ба қотил раҳм карда намешавад!
— Раҳм карда намешавад! — тахмин бист овоз хашмгинона такрор менамоянд.— Ӯ ба дор овехта шавад! Ба дор овехта шавад!
Ҳузур доштани зан акнун дигар издиҳомро нигоҳ намедорад. Шояд, тамоми воқеаҳои рӯйдода ҳатто дақиқан фалокатборро наздик кунонд. Акнун на фақат Кассий Колхаун ба мустангер нафрат мекунад. Дигарҳо ҳам ба хуштолеин шикорчии аспони ваҳшӣ ҳасад бурда ба ӯ нафрат мекарданд.
Кассий Колхаун ба супориши Пойндекстер итоат карда, Луизаро аз яланги мебарад, ё дурусттараш, кашида бурданӣ мешавад. Ӯ аз дастоне, ки нафрат дорад, зӯр зада раҳо кардаӣ мешавад ва зор-зор гиря карда, бо овози баланд ба муқобили қатли бераҳмона эътироз менамояд.
— Золимон! Ҷаллодон! — дам ба дам такрор менамояд ӯ.
Луиза худро раҳо карда намешавад, ба суханони вай ҳеҷ кас гӯш намедиҳад. Ӯро кашида аз байни издиҳом мебароваранд, вай аз ёрии касе ки баҳри ӯ ба нисор кардани ҷонаш тайёр аст, умедашро меканад.
Колҳаун бисёр гапҳои талх мешунавад; Луиза ба вай суханони пуркину нафрат мегӯяд.
Боварӣ ба қасос барои Колҳаун тасаллии ганда мебошад. Рақиби вай ба зудӣ мемурад; вале аз ин ягон чиз тағйир меёбад? Ӯ маъшуқи Луизаро кушта метавонад, вале Луиза ҳеҷ гоҳ ӯро дӯст нахоҳад дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор