Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қомати мавзуне, ки аз сояи дарахтон ба равшании тобони офтоб баромадааст, асло ба марг шабоҳат надорад.

Зан! Зани соҳибҷамол!

Ин фақат фикри яклаҳзагӣ мебошад; ҳеҷ кас ба лаб кушодан ҷуръат намекунад. Ҳама мисли пештара начунбида меистанд, вале ифодаи чеҳраи онҳо ба таври аҷиб тағйир ёфтааст. Ҳатто дагалтарини онҳо ҳузур доштани ин меҳмони нохондаро ба назари эътибор мегиранд. Онҳо ҳиҷиланд ва гӯё худро гунаҳкор ҳисоб мекунанд.

Ӯ ба ягон кас нанигариста тозон аз байни издиҳом мегузарад ва ба болои маҳкум, ки ҳанӯз дар рӯи алаф чалпак шуда хобидааст, ҳам мешавад.

Духтар бо як ҳаракати тунд дудаста лассоро дошта, аз панҷаи ҷаллодони даступогумкарда кашида мегирад.

— Техасиҳо! Тарсончакҳо! — ба издиҳом нигариста фарёд мезанад вай. — Айб!

Аз маломати ғазаболуди ӯ гӯё ҳама худро дарҳам мекашанд.

— Ба фикри шумо ҳамин ҳам суд шуд? Гунаҳкор барои сафед кардани худ як даҳон гап назада бе ҳимоякунанда маҳкум карда шудааст. Шумо инро суди адолатнок меномед! Суди адолатноки Техас! Шумо одам не, балки ҳайвон! Қотил!

— Ин худаш чӣ гап? — оташин мешавад Пойндекстер. Ӯ худро ба пеш меафганад ва аз дасти духтараш мегирад. — Ту ақлатро хӯрдӣ, Лу! Чӣ тавр ба ин ҷо омадӣ? Магар ба ту нагуфта будам, ки ба хона рав? Рав, худи ҳозир рав! Ба коре, ки ба ту дахл надорад, шарик нашав!

— Падар, ин ба ман дахл дорад!

— Ба ту дахл дорад?! Чӣ тавр?... Эҳ, рост ту хоҳар ҳастӣ. Ин одам — қотили долари ту.

— Ман боварӣ надорам, ман бовар карда наметавонам... Ин дурӯғ! Чӣ ӯро ба ҷиноят тела дода метавонист?... Техасиҳо, агар шумо одам бошед, дар он сурат ҳайвон барин рафтор накунед. Бигузор суди адолатнок барпо шавад, онгоҳ... онгоҳ...

— У аз рӯи адолат суд карда шуд! — фарёд зад кадом як дарози бесулакай, ки зоҳиран ким-кас ба вай гап ёд дода буд. — Ба гунаҳкор будани ӯ ҷои шубҳа нест. Бародари шуморо куштагӣ ӯ худаш. Ва мисс Пойндекстер, ин нағз не, — мебахшед, ки ман ин тавр мегӯям, — вале нағз не, ки шумо тарафи ӯро мегиред.

— Дуруст! — якчанд овоз ҳамроҳ мешавад.

пешина
аз 509
навбатӣ