Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Агар аз доду мағал ҳеҷ кас онро нашунавад ҳам, ин нидо дар забони ҳама буд. Танҳо ҳамлаи қоманчиҳо чунин сарсема- гӣ ба амал оварда метавонист.
Чанд гоҳе одамон дар ялангӣ доду фарёдкунон аз як тараф ба дигар тараф метохтанд ё бо чеҳраҳои ҳаросон хомӯш меис- тоданд. Биссёриҳо аспони худро кушода аз тири ҳиндуҳо наҷот ёфтагӣ шуда дар паси онҳо паноҳ шуданд.
Фақат каме аз ҳозирон ба чунин вазъи ногувор ва хатар- пок дучор шуда буданд; аксарият касони дар чунин корҳо бе- таҷриба ба даҳшат афтиданд.
Ошуфтагӣ то ҳамон даме давом кард, ки ҳамаи аспон ба дасти соҳибонашон афтида, ором нагардиданд. Фақат яктои онҳо — модиёни пир, ки консертро сар карда буд, шиҳа мека- шид. Ҳамон вақт сабаби ҳақиқии изтиробро пай бурданд ва ғайр аз ин, диданд ки Фелим ғайб задааст.
Ӯ аз рӯи эҳтиёт дар миёни буттаҳо пинҳон шуда буд ва ин ҷони ӯро раҳонд.
Тахмин бист кас бо ҳашм даст ба милтиқ бурда ба гунаҳко- ри ҳаяҷон нишон гирифтанд. Вале, пеш аз кашидани куланги милтиқ аз наздик будагон касе лассоро ба гардани асп партоф- та, ӯро ба хомӯш шудан маҷбур сохт.
Оромӣ барқарор карда мешавад ва ҳама ба ҳамон ҷои маҳ- кум хобидагӣ бармегарданд. Издиҳом пештара барин ба ғазаб омадааст. Воқеаи бемаънӣ ба назари онҳо хандаовар не, балки тамоман баръакс менамояд.
Баъзеҳо аз буздилие, ки дар вақти изтироби бардӯрӯғ зоҳир карда буданд, шарм менамоянд. Баъзеҳо аз он норозианд, ки тадорукоти маҳзуновари онҳо қатъ карда шуданд.
Ин тадорукот аз нав барқарор шудан мегиранд, садои ҳа- қорат ва нидоҳои ғазаболуд шунида мешаванд.
Издиҳоми ташнаи қасос дар атрофи маҳкум ҷамъ меша- вад — артистҳои фоҷиаи даҳшатангез боз ҷойҳои худро ишғол карданд.
Ҷаллодони худихтиёрӣ аз нав даст ба арғамчин мебаранд, боз ҳамон як фикр ба хаёли ҳозирон мегузарад:
«Ба зудӣ Морис Чералд ҷон ба ҳақ месупорад!»
Оҳ бахти баланд! Маросими пурдаҳшат аз нав қатъ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор