Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
То ин дам ҳалқа ба гардани мустангер андохта, бо диққат аз назар гузаронида шуд; нӯги дигари арғамчинро, ки аз болои шохаи дарахти анҷир партофта буданд, ҷаллодони ихтиёрӣ медоштанд ва гӯё дастонашон мехорид, ки тезтар онро кашанд. Дар нигоҳ ва тарзи истошон қатъияти бераҳмона ҳис карда мешуд. Онҳо фақат маътали фармон буданд.
Дар ҳақиқат ҳеҷ кас ба додани чунин фармон ҳақ надошт. Аз ҳамин рӯ таъхир рӯй дода буд. Ҳеҷ кас барои ишораи маъшум ба зиммаи худ масъулият гирифтан намехост. Агарчи ҳамаи онҳо маҳкумро ҷинояткор ҳисоб мекарданд ва ба қотил будани ӯ боварӣ доштанд, вале касе ҷуръат наменамуд, ки вазифаи сардориро ба зиммааш гирад. Ҳатто Колҳаун худро ақиб кашид.
Ин на аз камни иродаи ҷинояткорона рӯй дод — ба ин на капитани мустаъфиро мазаммат кардан мумкин буд, на аксари ҳозиронро. Сабаби таъхир набудани иҷрокунандаи мувофиқ буд. Дар аснои раъду барқ ин фақат оромише буд — оромише пеш аз гулдурроси сахти тундбод.
Хомӯшии том ҳукмфармо гардид. Ҳама медонистанд, ки онҳо бо марг — марги батамом маъшуми даҳшатангез рӯ ба рӯ истодаанд. Аксарият худро бо ӯ шарик ҳис мекарданд ва ба наздик будани он ҳеҷ кас шубҳа намекард.
Онҳо маътали анҷоми он шуда, начунбида хомӯш меистоданд.
Вале ба ҷои ба шохи дарахт овезон дидани Морис Чералд, онҳо шоҳиди манзараи тамоман дигар гардиданд; он ба андозае бемаънӣ буд, ки шукӯҳи ғамангези лаҳзаро халалдор кард ва қатлро нигоҳ дошт.
Модиёни пир — ҳама медонистанд, ки ӯ азони Зеб Стумп аст, — нохост гӯё девона гашт. Дар рӯи алаф ба рақс даромад, лагад мепаронд ва бо шиҳои девонавораш ялангиро пур мекард. Дар наздикаш, ки қариб сад асп меистод, ба ӯ ҳам-овоз шуда, ба рақси девонавори вай тақлид менамуд.
Манзараи назди кулба гӯё бо ишораи чӯбчаи пурасрор бошад, тағйир ёфт. На фақат қатли мустангер боздошта шуд, балки муваққатан то як муддат аз он бепарво шуданд.
Вале дар дигаргунии рӯйдода ягон чиз хандаовар набуд. Баръакс, дар ҳамаи чеҳраҳо изтироб акс ёфта буд, доду фарёди пурҳарос баланд гардид.
Баъзе «муптазамён» ба сӯи яроқ, баъзеҳо ба сӯи аспонашон метохтанд.
— Ҳиндуҳо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор