Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва аз он раҳо намуда, оҳиста-оҳиста аз байни пои тамошобинон ҳазида гузашт.

Ҳеҷ кас аз тадбири ӯ бохабар нашуд. Одамон дар айни авҷи ҳаяҷон якдигарро тела медоданд, аз дарахти анҷир чашм намеканданд. Фикр кардан мумкин буд, ки Фелим аз фурсати қулай истифода намуда, ҷони худро халос карданӣ аст ва дигар парвои хоҷааш надорад. Рости гап, Фелим ба ӯ ҳеҷ ёрдам карда наметавонист ва инро медонист. Вай ҳар далеле ки дошт, баҳри дифои хоҷааш гуфт; мудохилаи минбаъдаи ӯ нафақат бефоида буд, балки гунаҳкоркунандагонро бештар оташин карда метавонист. Фирори ӯро ҳеҷ кас хиёнат наменомид — ӯро савқи табиии худмуҳофизакунӣ ҳадака мекупонд. Шоҳиди тасодуфӣ ҳамин тавр муҳокима ронданаш мумкин буд.

Вале ӯ саҳв мекард. Хизматгори содиқ хоҷаашро ҳаволаи тақдир карданӣ набуд. Баръакс, ӯ аз нав кӯшиш мекард, ки Морис Чералдро аз марги ногузир наҷот диҳад. Ӯ медонист, ки аз дасти як кас ҳеҷ кор намеояд. Ҳама умед ба Зеб Стумп баста шуда буд ва бинобар ҳамин қарор дод бо усули аллакай ба мо шинос, ки хеле қулай буд, ҳар чӣ зудтар ӯро чеғ занад.

Фелим аз байни издиҳом баромада, хилват худро ба беша гирифт ва дар паси дарахтон паноҳ шуда, ба ҷое, ки модйени пир мечарид, пинҳонӣ наздик мешуд.

Ба дарозии ялангии беша аспони саворӣ ба дарахтон баста шуда буданд. Онҳо Фелимро паноҳ мекарданд ва ӯ ноаён ба назди модйен расид!

Вале ҳамон вақт ӯ дарёфт, ки олоти даркориро нагирифтааст. Вақти ӯро дастгир кардан, шохчаи кактусро афтонда буд ва он ҳамон тавр дар зери пои издиҳом мехобид. Рафта овардани он аз ҳад зиёд хатарнок буд. Ӯ барои буридани боз як шохчаи кактус на корд дошт, на ягон аслиҳаи дигар.

Фелим ба фикр фурӯ рафта ғамгин меистод ва намедонист, ки икдом кунад. Вале ин фақат як лаҳза буд; вақтро аз даст додан лозим набуд. Ҳар як дақиқаи таҳқир метавонист барои хоҷаи вай фалокатовар гардад. Ба ҳар ваҷҳе ки набошад ӯро наҷот додан лозим буд. Бо ҳамин фикр Фелим ба сӯи кактус тохт ва бо дасти урён яке аз шохчаҳои хордори онро шикаст.

Хорҳо ангуштонашро харошида хуншор карданд. Дар сурате, ки гап аз ҳаёту мамоти бародари ширхораи ӯ мерафт, ба чунин майда-чуйдаҳо аҳамият додан мумкин буд! Ирландӣ ба сӯи модён тохт ва ба ҳар таваккал ки асп ӯро лагад заданаш мумкин, олоти шиканҷаро ба зери думи вай тиконд.

пешина
аз 509
навбатӣ