Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
камтар барвақт. Ӯй, Билл Гриффин, агар ту ин ҳалқаро ақаллан аз ҳашт як дюйм зиёдтар кашӣ, тири кӯргошими рост ба шикамат медарояд ва гумон аст, ки ту онро ҳазм карда тавонӣ! Ба шумо мегӯям, сар диҳед!
Ҳатто фарёди ғайритабии модиёни пир ба издиҳом ин гуна таассуроти сахт набахшида буд, чунон ки пайдошавии соҳиби вай — Зеб Стумп бахшид. Қариб ҳамаи ҳозирон ӯро мешинохтанд; ӯро эҳтиром мекарданд ва бисёриҳо метарсиданд.
Аз ҷумлаи касони метарсидагӣ Билл Гриффин ва ёрдамчии ӯ буданд. Вақте ки садои фармони «Сар диҳед!» баланд гардид, онҳо дарҳол хатарро фаҳмиданд ва лассоро партофтанд; акнун он дар рӯи алаф мехобид.
— Бачаҳо, ин чӣ расвоӣ! — ба издиҳоми аз тааҷҷуб гарангшуда муроҷиат намуда, давом медиҳад шикорчӣ. — Наход ҳақиқатан шумо ӯро овехтани бошед? Ҳеҷ мумкин нест!
— Маҳз ҳамин корро мо кардани будем, — баланд мегардад овози ҷиддие.
— Чаро не? — мепурсад дигаре.
— Чаро не? Чаро бе суд гражданини Техасро наовезед?
— Агар гап ҳамин бошад, ӯ аз Техас нест! Ва ғайр аз ин ӯро суд карданд, мувофиқи тамоми қонуну қоида суд карданд.
— Ҳамту гӯед! Одами беҳуш ба марг маҳкум карда шудааст! Дар сурате, ки вай ҳеҷ чизро ҳис намекунад, ӯро ба он дунё фиристоданианд! Ва шумо инро мувофиқи ҳама қонуну қоидаҳо суд кардан меномед?
— Хӯш, чӣ шудааст? Мо гунаҳгор будани ӯро медонем. Мо ҳамаамон ба ин боварӣ дорем.
— Боварӣ доред? Наход! Чим Стордас, ту кирои гап намекунӣ. Вале ту, Сэм Мэнли ва шумо, мистер Поиндекстер, ҳеҷ мумкин нест, ки ба ин розӣ шуда бошед. Охир ин, софу содда гӯям, одамкушӣ!..
— Зеб Стумп, ту аз тамоми воқеа огоҳ нестӣ, — сухани ӯро мебурад Сэм Мэнли ва мехоҳад, ки розигии худро доир ба қатл исбот намояд. — Далелҳое ҳастанд, ки...
— Далелҳоят ба ҷаҳаннам раванд! Инчунин гапҳои бофтаву сохтаат. Ман ҳеҷ кадомашро майли шунидан надорам! Вақте ки суди ҳақиқӣ барпо гардад, ба муқобили он, албатта, ҳеҷ кас намегӯяд, барои фаҳмида гирифтани ин вақт кофӣ мекунад: аздусар ҷавон гурехта наметавонад. Муқобил ҳаст!
— Аз ҳад нагузаронед, Зеб Стумп, — муқобилат мекунад Кассий Колхаун. — Ман донистанӣ будам, ки ба ин кори шумо чӣ? Мақтул ба шумо на писар мешуд, на додар, ҳатто на амак-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор