Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мебошад. Барои ман аҷиб намуд, ки Генри, бархилофи одат, дар ин бевақтӣ берун баромадааст. Вале ин аниқу равшан буд, дар ин ҳеҷ саҳв шуданаш мумкин набуд. Ман истода гӯш меандохтам, ки онҳо дар чӣ хусус баҳс мекунанд. Овозҳо базӯр шунида мешуданд ва ман дар чӣ хусус гап задани онҳоро дониста гирифта натавонистам. Ман ҳамин қадар фаҳмида гирифтам, ки Генри мустангерро сарзаниш мекунад, мисли ин ки вай якумин шуда ӯро таҳқир карда бошад, баъд дӯғу пӯписаи мустангер баръало шунида шуд. Ҳар кадом бо овози баланд номи якдигарро мегирифт ва дар дилам дигар ҳеҷ шакку шубҳа намонд, ки маҳз онҳо мебошанд. Ба он ҷо рафта чӣ будани гапро муайян карданам лозим буд, вале дар поям попӯши шабона доштам; ва то рафта мӯза пӯшидам, ки ҳамааш ором гардид.
Ман тахмин ним соат Генриро мунтазир шудам, вале ӯ барнагашт. Дар он сурат қарор додам, ки ӯ ба бар рафтааст ва дар он ҷо шиносҳояшро дида, то бевақтӣ нишаста монданаш мумкин ва рафта хоб кардам... Ба ҳамин тариқ, ҷентлменҳо, ҳар чӣ ки медонистам, ба шумо нақл кардам. Бечора Генри ба Касадель-Корво барнагашт; ӯ дигар ҳеҷ гоҳ дар ҷойгаҳи худ нахобид. Бистари вай ҳамон шаб дашт ё буттазорон буд — маҳз дар куҷо буданашро фақат ҳамин кас медонад.
Бо ҳаракати сохта ӯ ба мустангер нишон дод. Мустангер бошад бо нигоҳи ғайритабиӣ парешон ба тӯҳмати ноҳақ пурра беэътиноӣ зоҳир намуд ва нигоҳҳои бадҳашмонаеро, ки аз ҳар тараф ба ӯ дӯхта шуда буданд, ҳис намекард.
Нутқи бетафсили Колхаун таъсир бахшид. Дигар ҳеҷ кас ба гунаҳкор будани мустангер шубҳа надошт. Гиреви нави қаҳру ғазаб баланд гардид.
— Овехта шавад! Овехта шавад! — аз ҳар тараф фарёд мезананд.
Зоҳиран, ҳатто худи раиси суд дудила мешавад. Касони муқобил боз ҳам камтар мемонанд. Акнун ҳаштод кас не, балки аз сад навад касаш ин талаби фалокатборро такрор мекунанд.
Мавҷи овозҳои хашмгин овозҳои басе оромтарро паҳш мекунад.
Издиҳом ба ҷунбиш меояд. Ҳаяҷони торафт меафзояд, ба зудӣ он ба авҷи баландаш мерасад.
Кадом — як нобакор ба сӯи аргамчин метозад. Агарчи ҳеҷ кас надида бошад ҳам, ӯ навакак бо Колхаун пичир-кучур карда аз назди ӯ дур шуда буд. Ӯ аргамчинро гирифта, ҳам мешавад ва ҳалқаи онро зуд ба гардани шахси маҳкум, ки пештара барин ҳеҷ чизро дарк намекунад, меандозад.
Ҳеҷ кас даҳолат намекунад. Ба камарбанди он мард ханҷар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор