Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳозирон таассуроти аҷиб бахшид, гапашро гум мекунад; худаш ҳам хиҷолат мекашад.

— Агар, — гапашро давом медиҳад вай, — ман ба ин боварӣ намедоштам, дар бораи ҳодисаи дидагиам ё, дурусттараш, шунидагиам чизе намегуфтам — охир воқеа шаб рӯй дода буд.

— Шумо чӣ шунидед, мистер Колхаун? — ба вазифаи раиси судӣ баргашта мепурсад Сэм Мэнли. — Муноқишаи шумо бо гунаҳкор, ки дар бораи он, ба гумонам, ҳамаи ҳозирон медонанд, ба шаҳодати шумо ягон муносибат надорад. Ҳеҷ кас аз боиси ин шуморо ба гувоҳии дурӯғ айбдор кардани нест. Лутфан, давом диҳед. Шумо чӣ шунидед, дар куҷо ва кай?

— Аз баёни вақт сар мекунам. Воқеа ҳамон шаби тағобачаи ман гумшудагӣ рӯй дода буд, вале маълум, ки мо то пагоҳии гум шудани ӯро ошкор насохтем. Шаби чоршанбе.

— Шаби чоршанбе? Баъд чӣ шуд?

— Ман ба ҳуҷраам рафтам; фикр кардам ки Генри ҳам ба ҳуҷраи худаш рафтааст. Ҳаво ба таври тоқатфарсо гарм буд, хомӯшакҳо безор мекарданд, хобидан ҳеҷ мумкин набуд. Ман хеста сигор гиронда, каме дар хона кашидам ва баъд қарор додам, ки ба бом бароям. Шумо, шояд, донед, ки боми асиендаи кӯҳна ҳамвор мебошад? Ман ба мақсади ҳавои тоза хӯрдан ба он ҷо баромадам. Ин тахмини қариб нисфи шаб ё андаке барвақттар буд — аниқ гуфта наметавонам, чунки басе дуру дароз дар бистар паҳлу гаштам ва ба соат нигоҳ накарда, нав як сигор кашида, акнун дигарашро баровардагӣ будам, ки нохост аз тарафи дарёча овозеро шунидам. Ду овосро. Онҳо аз он канори дарёча — чӣ тавре ба назарам намуд, аз роҳи посёлка меомаданд. Агар онҳо оромона гап мезаданд, ман, эҳтимол, овози онҳоро намешунидам ва аз якдигар фарқ намекардам. Вале ин гуфтугӯи баланди хашмгинона буд; маълум буд, ки онҳо муноқиша мекунанд. Ман фикр кардам, ки онҳо мастанд ва аз майхонаи Обердофер бармегарданд, бинобар ҳамин аҳамият намедодагӣ шудам. Аммо гӯш карда яке аз овозҳо ва баъд дигарашро ҳам шинохтам. Овози якум азони бачаи тағоям Генри, дуюмаш азони ҳамин шахс, котил буд...

— Гапатонро давом диҳед, мистер Колхаун. Мо мехоҳем аввал гувоҳии шуморо шунавем, фикратонро баъд мегуед.

— Медонед, сентлменҳо, вақте ки овози бачаи тағоямро шунидам, тамоман дар ҳайрат мондам: ман фикр мекардам, ки ӯ кайҳо боз хобидааст. Вале боварӣ доштам, ки ин маҳз ӯ мебошад ва ҳатто ба хонааш рафта надидам. Ҳамчунон барои ман равшан буд, ки дуюм каси муноқишакунанда ҳамин мустангер

пешина
аз 509
навбатӣ