Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳозир, чӣ тавре ки худатон мебинед, ӯро пурсидан фоида надорад. Бинобар ҳамин ман таклиф мекунам, ки тафтишу таҳқиқи ин кор мавқуф гузошта шавад то...

— Аз мавқуф гузоштан чӣ нафъ, — овози баланди эътирозии Кассий Колхаун сухани ӯро мебурад.— Ба шумо гапфурӯш бошад, Сэм Мэнли! Вале, агар дӯст, писар ё додари шуморо побакорона мекуштанд, шумо дигар хел гап мезадед. Барои ба гунаҳкор будани ин нобакор боварӣ ҳосил намудан боз ба шумо чӣ даркор? Исботҳои иловагӣ?

— Ҳа, албатта, капитан Колхаун.

— Мистер Кассий Колхаун шумо аз он исботҳои иловагӣ доред? — мепурсад касе аз миёни издиҳом, ки дар оҳанги гапзанӣ лаҳҷаи ирландӣ барҷало ҳис карда мешавад.

— Шояд, бошад.

— Дар он сурат ба мо гӯед.

— Худо шоҳиди барҳақ, ки исбот аз будаш зиёдтар ҳаст. Ҳатто аъзоёни вакилони даъво аз ҳамватанони бефаросати вай...

— Гапатонро гашта гиред! — ҳамон овоз фарёд мезанад...— Мистер Колхаун, дар хотир дошта бошед, ки шумо дар Миссисипи не, дар Техас мебошед! Инро фаромӯш накунед, ё забонатон ба саратон бало меорад!

— Ман асло ягон касро таҳқир карданӣ набудам,— мегӯяд Колхаун ва кӯшиш мекунад аз ин вазъияти ногувор, ки аз рӯи ба ирландиҳо нафрат доштанаш гирифтор шуда буд, халос шавад,— агар дар ин ҷо англис бошад, ҳатто англисро.

— Ин гапи дигар! — ҷавоб медиҳанд якчанд ирландии оромгардида.

— Ба ҳамин тариқ, ман гуфтам ки ба қадри кофӣ ва аз даркориаш ҳам зиёд исбот аст. Вале агар онҳо барои шумо кам бошанд, метавонам дигарашро биёрам.

— Гуфтан гиред! — тахмин сӣ-чил кас баробар фарёд мезанад, зеро Колхаун, зоҳиран, ҳанӯз дудила мебошад.

— Сентлменҳо! — гӯё нутқ кардани бошад, оқибат ба издиҳом рӯй оварда мегӯяд Колхаун.— Он чӣ ки ман ҳозир мегӯям, кайҳо ба шумо гуфтанам мумкин буд. Вале ман умедвор будам, ки гуфтани он лозим намешавад. Воқеаи дар байни ман ва ин одам рӯй додагиро ҳамаатон нағз медонед ва ман намехостам, ки маро бадкина ҳисоб кунанд. Ман он хел одам не. Чӣ тавре, ки ба будани каллаам дар болои китфонам боварӣ дошта бошам, ба одамкушии вай ҳамон хел боварӣ дорам...

Колхаун мебинад, ки аз даҳонаш сухани беҷо баромада ба

пешина
аз 509
навбатӣ