Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Тахмин ҳамон лаҳзае, ки ӯ ҷаста аз асп фуромад, дар назди ҳакале воқеае шиддат меёфт, ки онро ба тариқи кӯтоҳ тасвир мебояд намуд.

Одамони дар ялангӣ буда, акнун гурӯҳ-гурӯҳ не, балки тӯб шуда доираеро ташкил дода буданд.

Дар миёнҷои издиҳом қиёфаи бузурги сардори «мунтазамиён» қад афрошта дар назди вай се ё чор ёрдамчиаш меистоданд; дар шафати онҳо Вудли Пойндекстер ва Кассий Колхаун истода буданд; муахирулзикрон, зоҳиран, фақат ҳамчун шоҳидони фоҷиаи авч гирифта истода иштирок доштанд; сухани ҳалкунанда ба дигарон тааллуқ дошт. Ин мурофиаи судӣ — суди Линч буд, ки ба одамкушӣ айбдор мекарданд. Ҳамчун раиси суд сардори «мунтазамиён» баромад мекард. Тамоми издиҳом, ба ҷуз ду гунаҳкор, роли вакилони даъворо мебозид.

Гунаҳкорон — Морис Чералд ва хизматгораш Фелим мебошанд. Онҳо дар миёнҷои давра мебошанд. Ҳам ину ҳам вай бо дасту пои баста дар рӯи алаф хобидаанд. Фелимро бо таҳдид маҷбур намудаанд, ки хомӯш бошад, хоҷаи вай барои он хомӯш буд, ки ба даҳони ӯ рӯймолча тӯқондаанд. Ин корро барои он кардаанд, ки ӯ бо олой ва сафсатаи бешуруонааш ба гапзании дигарон халал нарасонад. Ресмонҳо таранг баста шуда бошанд ҳам, ҳаракатҳои беморро суст намекарданд. Ду кас аз китфони Морис доштаанд, шахси сеюм ба рӯи пойҳои ӯ нишастааст. Фақат чашми вай озодона ҳаракат карда метавонад; ӯ онҳоро чарх мезанонад, ки ба посбонони худ бадвоҳима, бешуруона назар меандозад, ки ба он тоб овардан мушкил мебошад.

Ба одамкушӣ фақат яке аз асирон гунаҳкор карда мешавад; дигарашро шарики ӯ мешуморанд ва ба он ҳам шубҳа мекунанд.

Фақат хизматгорро истинтоқ менамоянд. Ба ӯ таклиф мекунанд, ки ҳар чӣ медонад ва ҳар чӣ ба ҳимояти худ гуфта метавонад, баён кунад. Охир ба хоҷаи вай савол додан фоида надорад.

Барои ба гапи Фелим бовар кардан ҳикояти ӯ аз ҳақиқат хеле дур мебошад; агарчӣ аз ҳама ғайри ҳақиқӣ дар он зикри савораи бесар бошад ҳам, чандон боиси шубҳа намегардад.

Фелим ин ҳодисаи пурасрорро фаҳмонда дода наметавонад; баёноти вай фақат гумону тахминро тасдиқ мекунад, ки он шабах ба куштор алоқае дорад. Ҳикояти вайро дар бораи ҳиндуҳо ва задухӯрд бо паланг «сар ба сар дурӯғ мешуморанд, ки ба мақсади гумроҳ кардани суд бофта гуфта шудаанд».

пешина
аз 509
навбатӣ