Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

зо духта шудаанд ва ба ҳар садое, ки аз ялангӣ меояд, бо диққат гӯш мекунанд.

Янси ҳам беихтиёр ба овозҳо гӯш меандозад. Ӯ медонад, ки дар назди кулба суди Линч барпо мегардад, ва дар он «мунтазамиён» дар роли вакилони даъво баромад мекунанд.

Аз паси дарахтон овозҳои пурҳаяҷон шунида мешаванд. Дар онҳо қатъияти бераҳмона садо медиҳад.

Ҳар ду ҳам истода гӯш мекунанд; креолдухтари ҷавон ҳунарпешаи фоҷиабозро мемонад, ки дар паси пардаи театр баромади худро мунтазир мебошад.

Садои гапзанӣ ба гӯш мерасад; якчанд овози мардро фарқ кардан мумкин; баъд овозе шунида мешавад, ки аз дигарон зиёдтар гап мезанад.

Луиза ин овозро мешиносад. Ин овози аммабачаи ӯ Кассий мебошад; ӯ бадҳашмона ким-чиро исрор мекунад, баъд гӯё сомеони худро ба иҷрои коре, ки онҳо кардан намехоҳанд, розӣ менамояд.

Инак вай суханашро тамом кард. Дарҳол садоҳои пуртантанаи таҳсинкунанда баланд мегарданд; як овози масъум аз дигар овозҳо баландтар садо медиҳад.

Янси гӯш дода аз ҳамсафари дилрабои худ бехабар мемонад.

Фақат ҳамон вақт ба хотираш мерасад, ки нохост аз ҷо ҷаста хеста ба сӯи ҳакале тохтани ӯро мебинад.

Боби LXIII

СУДИ ЛИНЧ

Фарёди баланде, ки креолдухтари ҷавонро ба яку якбора партофта рафтани ҳамроҳаш маҷбур сохт, ҳам қарори вакилони даъво, ҳам ҳукм буд.

Вақте, ки ӯ ба сӯи кулбаи мустангер тохт, дар гӯши вай суханони «овехта шавад» садо доданд.

Креолдухтар ба бозни моҳичаҳои нуқрафом бо завқу завқи сохта муоина карда, фақат дар бораи он фикр мекард, ки дар ин лаҳза дар назди ҳакале чӣ воқеа рӯй дода истодааст. Агарчӣ дарахтон ялангиро аз чашми ӯ паноҳ кунанд ҳам, медонист, ки дар он ҷо киҳо истодаанд, ва аз рӯи суханоне ки аз он ҷо ба гӯш мерасиданд, рафти воқеаҳоро ба худ тасаввур менамуд.

пешина
аз 509
навбатӣ