Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Сабр кунед,— мегӯяд духтар.— Барои сози дастатон биё‐ед ман фуроям.
Луиза маътали ёрӣ нашуда, ҷаста мефурояд ва дар назди мустанг меистад.
Ҷавон бо тамоми қувва пуштангро мекашад. Пас аз ҷидду ҷаҳди бисёр аз шиддат суп-сурх шуда, оқибат тасмачаро ба сӯрохи дигар мегузаронад.
— Акнун, мисс Пойндекстер, ба назарам нағз шуд.
— Ҳа, нағз шуд,— ҷавоб медиҳад ӯ ва дасташро ба рӯи зин гузошта онро мекашад.— Рости гап, ба ин зудӣ аз ин ҷо раф‐тан дили кас намешавад. Ман бо тамоми суръат асп тозонда навакак ба ин ҷо омада будам; Қамари бечораи ман ҳанӯз на‐фасашро рост накардааст. Биёед дар ин ҷо камтар истем, то он вақт ӯ дам мегирад. Охир дам надода гашта чорнаъл ӯро тозондан бераҳмӣ мебошад.
— Вале падаратон... ӯ мехост, ки шумо...
— Фавран ба хона баргардам? Ҳеҷ гап не. Ӯ нахост, ки ман дар байни он мардуми авом бошам. Ҳамааш ҳамин. Акнун мо‐доме, ки ман аз он ҷо рафтам, ӯ ба таъхир кардани мо чизе на‐мегӯяд... Ин ҷо чӣ тавр зебо! Сояи дарахтон чунон салқин!
Офтоби тафсони дашт токатфарсо. Камтар истода ба Қамар дам медиҳем... Оҳ, мистер Янси, нигоҳ кунед, чӣ гуна моҳича‐ҳои зебо дар дарёӣ шино карда гаштаанд! Ана он моҳии пулак‐чаҳояш нуқрафомро дидед?
Плантатори ҷавон мафтун мешавад. Чаро ҳамсафари дило‐рояш каме бо ӯ ҳамроҳ будан хост? Ба назараш чунин мена‐мояд, ки вай ҷавоби ин саволро медонад.
Ӯ ба хоҳишу илтимосҳои зиёд вонадошта гуфт:
— Ҳар чӣ хоҳед фармоед, мисс Пойндекстер. Чӣ қадар ки гӯед, ман бо дилу ҷон дар ин ҷо меистам.
— Фақат то дам гирифтани Қамар. Ман акнун аз асп фу‐ромада будам, ки отряди шумо расида омад. Ба Қамар нигоҳ кунед — пас аз давидани зиёд базӯр нафас мегирад.
Барои Янси тамоман фарқ надорад, ки мустанги гули бо‐дом чӣ тавр нафас мегирад, вале вай шод мебошад, ки хурдта‐рин хоҳиши ҳамсафари худро ба ҷо биёрад.
Онҳо дар канори дарёча аз аспҳо мефуроянд.
Чун плантатори ҷавон мебинад, ки ҳамсафараш на ба мо‐ҳичаҳо аҳамият медиҳад, на ба мустанги гули бодом, каме дар ҳайрат мемонад: агар Луиза каме ба ӯ илтифот мекард, ин ко‐раш фақат ӯро шод мегардонид. Вале Луиза ба вай намепӣ‐гарад ва ба суханонаш гӯш намеандозад. Чашмони вай ба фа‐

пешина
аз 509
навбатӣ