Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Назар ба чеҳраи пурҳиҷолаташ — гумон аст ки ин корро карда тавонад.
Дар байни издиҳом пичиркучур баланд мегардад, вале ягон тахмин бо овози баланд гуфта намешавад. Ҳатто ин одамони дағал метарсанд, ки ба эҳсоси падарона таҳқир кунанд ва ҳамаашон ботаҳаммул мунтазири шарҳу баён мебошанд.
— Ба асп савор шав, Луиза, Мистер Янси туро то хона гусел мекунад.
Плантатори ҷавон, ки бо ин илтимос ба вай муроҷиат мекунад, хеле шод мебошад. Вай аз қабили оҳоне мебошад, ки ба бахту саодати гумонии Кассий Колҳаун рашк мебарад.
— Дада, — эътироз мекунад духтар, — чаро ман туро мунтазир нашавам? Охир ту дар ин ҷо бисёрку намеистӣ?
Янси бетоқатӣ мекунад.
— Хоҳиши ман ҳамин, Луиза, ва ин кифоя.
Ростӣ гап, дили нохоҳам бошад ҳам, Луиза Пойндекстер аз тамошобинони кунҷков норозигии худро пинҳон доштанӣ намешавад.
Оқибат онҳо ба аспон савор шуда ба роҳ медароянд; плантатори ҷавон пешпеш, Луиза оҳистаоҳиста ба дунболи ӯ равон мешавад. Янси хурсандии худ, Луиза ғаму андӯҳашро базӯр нигоҳ медорад.
Талхии кайфи духтар аз озурдагӣ дида Янсиро бештар дилтанг мекунад. Охир андакмундак ғаму ғусса не!
Вале сабабашро медонам гуфта тахмин кардани ӯ хато мебошад. Агар вай ба чашмони Луиза Пойндекстер бо диққат менигарист, дар онҳо ғаму андӯҳи гузаштаро не, балки дар назди оянда тарсу ҳаросро мехонд.
Онҳо аз байни дарахтон гузашта мераванд, вале ҳамоно аз ялангӣ овозҳо ба гӯшашон мерасад.
Нохост чеҳраи креолдухтар кушода мешавад — он гӯё аз кадом як фикри хурсандона ё, шояд, орзую умед пурфурӯғ мегардад.
Луиза ғарқи фикру хаёл асиро нигоҳ медорад. Ҳамсафараш низ понлоч аст ҳамин корро кунад.
— Ҷаноби Янси, — пас аз чанде хомӯш истодан мегӯяд духтар, — пуштанғи аспи ман суст шудааст. Шиштанам ноқулай. Лутфан, онро тарангтар кашед.
Янси ҷаста аз асп мефурояд ва пуштанғро мебинад. Ба назараш чунин менамояд, ки пуштанғро аз ин зиёд таранг кашидан лозим нест. Вале ӯ инро намегӯяд, тасмаҷаро мекушояд ва бо тамоми қувва пуштанғро мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор