Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Дар ин ҷо! Вале ту ин кулбаро аз куҷо медонистӣ? Роҳро ба ту кӣ нишон дод? Охир ту дар ин ҷо танҳо ҳастӣ?

— Ман роҳро медонистам. Ту рӯзи сайрро, ки мустанг маро кашола карда бурда буд, дар ёд дорӣ? Дар бозгашт мистер Ҷералд ҷои истиқоматашро ба ман нишон дод. Ва ман қарор додам, ки ин ҷойро аз нав кофта ёбам.

Ба тахайюри Поиндекстер эҳсоси нав ҳамроҳ мешавад: ӯ маҳзунона қавоқ меандозад. Вале он чи ки ӯро ба изтироб андохт, вай намегӯяд.

— Духтарам, ин рафтори беэҳтиётона ва ҳатто хатарнок буд. Як духтарчаи беақл барин рафтор кардӣ. Рав, зудтар рав! Ин ҷои духтар не. Ба аспат савор шаву ба хона рав. Ягон кас туро ҳамроҳӣ мекунад. Ту дар ин ҷо корҳои бароят ношоистаро диданат мумкин. Хайр, рав!

Падар аз кулба мебарояд, духтар ошкоро дили нохоҳам аз паси ӯ равон мешавад. Ҳамчунон дили нохоҳам ба асп наздик меравад.

Саворон аллакай аз аспҳо фуромада, дар ялангӣ дар назди кулба тӯб шуда буданд. Дар ин ҷо ҳама ҷамъ омада буданд. Колҳаун вазъиятро гуфта дод. Ҳоҷати посбон мондан нест.

Онҳо тӯб-тӯб шуда меистанд; баъзеҳо хомӯшанд, баъзеҳо гап мезананд. Биссёриҳо дар назди Фелим, ки дасту пои баста дар рӯи замин хобидааст, ҷамъ омаданд. Ӯро пурсупос мекунанд, вале, зоҳиран, ба гапаш чандон бовар наменамоянд.

Баробари пайдо шудани падару духтар ҳама ба тарафи онҳо бармегарданд, вале хомӯш меистанд, агарчи аз бетоқатӣ азоб мекашиданд, ки тафсили воқеаро дониста гиранд.

Аксарияти онҳо ба дидан духтарро мешиносанд. Номаш ба ҳама маълум, бисёриҳо таърифи ҳусну ҷамоли ӯро шунида буданд. Ӯро дар ин ҷо дида ҳама ҳайрон мебошанд, зиёда аз ин моту маҳбут гаштаанд. Хоҳари мақтул дар хонаи қотил!

Акнун ҳамаи онҳо аз ҳарвақта дида зиёдтар боварӣ доранд, ки сабабгори ҷиноят — мустангер мебошад. Колҳаун дар бораи кулоҳ ва боронии дар ҳакале ёфташуда ва дар борон худи қотил ки дар задухӯрди маргбор захмдор гардида буд, ҳикоя карда дод.

Вале чаро Луиза Поиндекстер дар ин ҷо ва ба замми ин танҳо мебошад? Чаро ӯро на хизматгор, на аз аҳли хешовандон ягон кас мушоҳида намекунад. Ӯ дар ин ҷо меҳмон мебошад — ба ҳар ҳол, ин ҳамин тавр менамояд.

Аммабачаи вай ҳеҷ чиз шарҳ намедиҳад — эҳтимол, шарҳ дода натавонад. Падараш бошад — оё ин корро карда метавонад?

пешина
аз 509
навбатӣ