Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Не, тағо, ман тамоман ҷиддӣ мегӯям.
— Ту гуфтани ҳастӣ, ки духтари ман ба ин ҷо омада буда-аст?
— Омада будааст? Вай ҳозир ҳам дар ҳамин ҷо — ман ба ин шубҳа надорам.
— Ҳеҷ мумкин не!
— Ба ин тараф нигаред!
Дари кулбаро навакак канда буданд. Дар кулба андоми ва-не намудор буд.
— Духтари ман!
Поиндекстер зуд ҷаста аз асп мефурояд ва саросемавор ба сӯи ҳакале равон мешавад. Колҳаун аз паси ӯ меравад. Ҳар ду ба кулба медароянд.
— Луиза, ин чӣ қорат?.. Маҷрӯҳ? Ин кӣ? Генри?
Ба ӯ ҷавоб надодан пеш, плантатор кулоҳ ва боронии Ген-риро мебинад.
— Вай худаш! Вай зиндааст! Худоро шукр!
Поиндекстер худро ба сӯи бистар ҳаво медиҳад.
Чароғи хурсандии вай ҳамон дам хомӯш мегардад. Чеҳраи рангпаридаи рӯи болишт — чеҳраи писари ӯ намебошад. План-татор нолишкунон худро якбора ба ақиб мекашад.
Гӯё ҳаяҷону изтироби Колҳаун беш асту кам не. Ӯ бо даҳ-шати тамом фарёд мезанад. Худро дарҳам кашида, оҳиста аз кулба мебарояд.
— Худоё худовандо! Ин худаш чӣ гап? — пичиррос мезанад плантатор.— Ин худаш чӣ гап? Оё ба ман фаҳмонида метавонӣ, Луиза?
— Не, падар. Ман якчанд дақиқа пеш ба ин ҷо омада бу-дам. Ман ӯро дар ҳамин аҳвол ёфтам. Ту худат мешунавӣ, ки ӯ ҳарза мегӯяд.
— Ва-а-ле... Генри чӣ?
— Ҳеҷ чиз фаҳмида гирифта натавонистам. Вақте ки ба ин ҷо даромадам, мистер Чералд танҳо буд. Хизматгораш на-буд, ӯ навакак гашта омад. Ман ҳанӯз ба пурсуҷӯи ӯ фурсат наёфтам.
— Вале... вале... тӯ роҳи ин ҷоро чӣ хел ёфта омадӣ?
— Ман дар хона истода натавонистам. Номуайяниӣ аз ҳад зиёд азиятбахш буд. Фикр кун — тамоман яккаву танҳо, фикру хаёл азобам медод, ки додари бадбахтам...
Поиндекстер парешонҳотирона ва ҳамоно бо аломати савол ба духтараш менигарад.
— Ман фикр кардам, ки шояд, Генри дар ин ҷо бошад.

пешина
аз 509
навбатӣ