Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ LXII

ИНТИЗОРИИ ПУРАЗИЯТ

То ҳол ҳеҷ гоҳ — ҳатто рӯзҳое, ки коралаш аз аспҳои ёбоии нав дастгир карда пур буд, дар атрофи кулбаи мустангер бадин сон бисёр садои суми асп шунида нашуда буд.

Фелимро, ки тозон аз дар баромада буд, бист-сӣ овоз нигоҳ медорад.

Овози аз ҳама баланд ва омирона, зоҳиран, ба сархели отряд тааллуқ дорад.

— Ист, муттаҳам! Аздусар гурехтан фоида надорад! Боз як қадам гузорӣ — ҷо ба ҷо кушта мешаваӣ! Ба ту мегӯянд, ист!

Фелим ба назди модиёни Зеб Стумп, ки дар он канори ялангӣ баста шуда буд, тохта рафтанӣ буд, аммо ноилоҷ дар ҷояш истод.

— Ҷентлменҳо, бовар кунед, ки ман асло қасди гурехтан надоштам, — баробари дидани чеҳраҳои бадҷаҳл ва мили аслиҳаҳон ба сӯяш нигаронида шуда бо овози ларзон мегӯяд вай. — Ман ҳаргиз чунин ният надоштам. Ман фақат мехостам...

—...агар имкон шавад гурезӣ. Оғозаш бад не... Дик Треси, ин ҷо биё! Дасту пояшро бубанд!.. Шелтон, ба вай ёрдам кун! Арвоҳ занад, ин доғулӣ аз ҳад зиёд содда менамояд! Дар гумон аст, ки ин ҳамон каси мо мекофтагӣ бошад.

— Албатта, не! Ин хизматгораш.

— Ӯй, дар паси кулба будагон! Аз ӯ чашм наканед. Мо ӯро ҳанӯз дастгир накардаем. Нағзакак нигоҳ кунед, ки ҳатто муш ҳам гузашта рафта натавонад... Акнун ҷавоб деҳ; дар дарун кӣ ҳаст?

— Дар дарун? Дар кулба, магар?

— Ҷавоб деҳ, каллаварам! — бо аргамчин ба тахтапушти Фелим фуроварда мегӯяд Треси. — Дар кулба кӣ ҳаст?

— Ё тавба! Аз афташ шӯхӣ кор намедиҳад. Хайр, майлаш. Аввалан хоҷаи ман...

— Аҷаб... Ин худаш чӣ гап? — мустангҳои гули бодомро дида мепурсад Вудли Пойдекстер, ки нав расида омадааст. — Охир ин... аспи Луиза?

— Ҳа, худаш, тағо, — ҷавоб медиҳад Кассий Колхаун, ки ҳамроҳи плантатор наздик мешавад.

— Ӯро кӣ ба ин ҷо овард?

— Шояд, худи Лу оварда бошад.

— Гапи намешудагӣ! Ту шӯхӣ мекунӣ, Каш?

пешина
аз 509
навбатӣ