Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Вале он «дигарон» киҳоанд?
— Ҳиндуҳо охир!
— Ҳиндуҳо?
— Ҳа! Як қабилаи тамоми Ба худ тасаввур кунед, мисс, чи тавре ки ман аллакай ба шумо гуфтам, ба хоби ширин рафта будам. Нохост шунидам, ки касе дар кулба дар болои сарам гап мезанад, баъд ҳишир-ҳишири коғазро шунидам, гӯё касе қарта мекашид... Патрики валӣ, инаш чӣ бало буд?
— Чӣ?
— Магар шумо ҳеҷ чиз нашунидед... Ана боз! Садои суми асп! Онҳо дар наздикии кулба...
Фелим ба сӯи дар давид.
— Патрики валӣ! Аз чор тараф моро савораҳо иҳота кардаанд. Онҳо камтар аз ҳазор нафар ва боз омада истодаанд... Эҳтимол, ҳамон савораҳои пирамард Зеб гуфтагӣ бошанд. Пас, ӯро чег задан лозим. Худоё! Фурсатҳоро аз даст додан лозим не!
Фелим шохчаи кактусро, ки барои кушодани кор бо худ оварда буд, гирифту тозон аз кулба баромад.
— Эҳ! — хитоб намуд креолдухтар. — Онҳо худашон! Падарам, ман бошам дар ин ҷо... Ба ӯ чӣ мегӯям? Модархудои муқаддас, маро аз шармандагӣ нигоҳ дор!
Луиза беихтиёр ба сӯи дар давид ва онро маҳкам кард, вале дарҳол фаҳмид, ки ин фоида надорад. Онҳо, ки аз берун буданд, гумон буд ки чунин монеа пеши роҳашонро гирад. Ӯ дар девор роҳеро дид. Гурезанд?
Дер шуда буд! Садои суми асп аллакай аз паси кулба ба гӯш мерасид. Саворон ҳакалеро аз ҳар тараф иҳота карда буданд.
Ва аздусар мустанги гули болоии ӯ дар наздикии ҳакале баста шудааст; онҳо ҳеҷ ӯро нашинохта наметавонистанд.
Вале фикри дигари басе баландҳимматонае духтарро аз фирор нигоҳ медошт; ба маҳбуби вай хатар таҳдид мекунад, ки ӯро ҳатто ҳолати бешуурӣ аз он наҷот дода наметавонад; ба ғайр аз Луиза кӣ ӯро ҳимоя мекунад?
«Бигузор номи некам бад шавад, — аз фикр гузаронд креолдухтар, — падарам, дӯстонам, ба ҷуз вай ҳамаро аз даст диҳам! Қисматам ҳамин. Бигузор ин нанг бошад, вале ман ба ӯ содиқ мемонам».
Луиза дар назди бистари бемор истода, тайёр буд, ки баҳри вай ҳатто ҷонашро қурбон кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор