Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ба ғайр аз...
— Ба ғайр аз ҷавонзанак?
— Ҳа, боз ягон кас омада буд?
— Ҳо, боз ҳар хел мардуми дигар! Киҳое, ки ба ин ҷо наомад. Аввало, як кас, ӯ ба ин ҷо омаданӣ шудда, вале то кулба нарасид. Ман метарсам, ки дар бораи вай ба шумо нақл кунам. Шумо тарсиданатон мумкин мисс.
— Нақл кунед. Ман наметарсам.
— Хайр майлаш, лекин худам сарфаҳм намеравам, ки вай чӣ буд: одаме савори асп, вале бесар.
— Бесар?
— Аз ҳама инаш аҷиб ки,— ба гап давом намуд марди ирландӣ,— исту бисташ мастер Морис барин. Оё мард ба аспи ӯ савор буд ва ҳар дафъа ба сафар мебаромадагиаш барин кампали мексикой ба китф партофта буд. Агар медонистед, ки ман чӣ хел тарсидам — талҳакаф шудам!
— Шумо ӯро дар куҷо дидед, мистер О'Нил?
— Ана дар он лаби ҷарӣ. Ман ба пешвози волонеъматам баромадам — ӯ ҳамон пагоҳӣ аз поселка бармегардам гуфта ваъда карда буд. Аввал фикр кардам, ки ӯ худаш меояд. Ва нохост ҳамон... бесар... наздик омад, дақиқае истод, баъд девона барин аспашро чорнаҷл давонда рафт. Тара бошад уллоскашон аз пасаш тохт То аз чашми ман ғоиб гардидан онҳо бо ҳамон суръат ба дашт метохтанд. Онгоҳ ман ба ин ҷо ба кулба баргаштаму дарро маҳкам карда хобидам Ва нохост — ҳамон вақте ки хобам бурд, дар хоб дидам ки чӣ тавр. Мебахшед, мисс, шумо охир монда шудед, ҳатто як дақиқа ҳам нанишастед — якзайл сари по истодаед. Кӯлоҳчаи пардори зебоятонро аз сар гиред ва ба рӯи сандукча нишинед — аз чорпоя дида ин ҷо роҳаттар. Илтимос шинед, охир ман ҳоло ҳамаашро нақл накардаам.
— Ғами маро нахӯред. Давом диҳед. Ба ғайр аз ин савораи аҷиб боз ба ин ҷо кӣ омада буд! Эҳтимол, ягон кас ба шумо шӯхӣ карда бошад?
— Шӯхӣ? Пирамард Зеб ҳам ҳамин гапро ба ман гуфт.
— Пас, ӯ ҳам ба ин ҷо омада буд?
— Ҳа, вале фақат пас аз он ки дигарон ба ин ҷо омаданд...
— Дигарон?
— Ҳа, мисс. Зеб фақат дирӯз пагоҳӣ омад. Онҳо бошанд шабона, бевақтӣ даромада омаданд Мефаҳмед, ман ба хоби ширин рафта будам, онҳо бошанд омада маро бедор карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор