Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Вале ин ҳамин тавр, мистер О'Нил. Ба ин зудӣ маро фаромуш кардан аз тарафи шумо номеҳрубонист!

— Шуморо фаромӯш кардан? Чиҳо мегӯед, мисс! Доир ба ин масъала маро гунаҳкор карда наметавонед. Мо мардуми Ирландия аз он касони шумо мегуфтагӣ не; кас ба чеҳраи зебои шумо ақаллан якборакак назар афканад, то рӯзи қиёмат онро аз ёд намебарорад. Дур рафтан чӣ лозим! Масалан ана вай фақат номи шуморо гирифта олой мегӯяд!

Фелим пурмаъноена ба сӯи кат назар андохт. Луиза аз хурсандӣ ба худ ларзид.

— Вале ин чӣ маънӣ дорад? — табдилшавии пурасрорро ба хотир оварда ба гап давом намуд Фелим. — Вале он йигитча ё зан, касе ки набошад, куҷо рафт? Мисс Пойдекстер, шумо дар ин ҷо ягон занро дидед?

— Дидам.

— Ҳамту? Канӣ вай?

— Рафт.

— Рафт! Пас, ӯ чӣ хостанашро худаш намедонад. Ман даҳ дақиқа пеш ӯро дар кулба гузошта рафта будам. ӯ кулоҳчаашро аз сар гирифт... ман чиҳо мегӯям! — кулоҳи мардонаро — ва гӯё ба муддати дуру дароз дар ин ҷо таваккуф кард. Пас шумо гуфтед ки ӯ рафт? Чӣ хушбахтие! Ман асло афсӯс намехӯрам! Аз ин хел зан алҳазар! Шумо, мисс Пойдекстер, бовар намекунед, охир ӯ таппончаашро рост ба таги биниам тиққонд!

— Барои чӣ?

— Фақат барои ҳамин ки ӯро ба кулба даромадан намондам. Вале аздусар даромад. Вақте, ки Зеб гашта омад, ӯ ба Зеб муқобилат накард. Духтар гуфт, ки мистер Чералд дӯсти вай мебошад ва ӯ мехоҳад ба вай парасторӣ кунад.

— Ҳамту? Аҷиб, хеле аҷиб,— ба фикр фурӯ рафта гур-гур намуд креолдухтар.

— Шумо дуруст гуфтед. Дар ин ҷо бисёр воқеаҳои аҷиб рӯй дода истодаанд. Албатта, ин ба шумо дахл надорад, мисс. Ман хеле хурсандам, ки шумо дар ин ҷо мебошед: боварӣ дорам, ки хоҷаам ҳам хеле хурсанд мешаванд.

— Фелим, азизам, ба ман гӯед, ки чӣ воқеа рӯй дод?

— Майлаш, мисс, вале барои ин кулоҳчаатон аз сар гирифта бисёртар истоданатон дуруст меояд. Ман ҳамаи он чиро, ки аз парирӯз то ҳол рӯй додааст, то шаб нақл кунам ҳам, тамомаш ваш надорад.

— Дар ин муддат кӣ ба ин ҷо омада буд?

— Кӣ омада буд?

пешина
аз 509
навбатӣ