Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
- Номаш? Номаш? Гӯё кадоме аз шумо номашро пурсид? Магар шумо ном доред? Эҳ, ҳа, ба хотирам омада истодааст: Микоил, Ҷабраил, Азроил — мардона, ҳамааш номҳои мардона. Фариштаҳо, вале фариштаи ман барин не, — фариштаи малзан. Номаш...
- Чӣ?
- Луиза... Луиза... Луиза... Пинҳон доштанам чӣ лозим, охир ҳама ҳодисаҳои дар рӯи замин мешудагӣ ба шумо маълум. Шумо, албатта, ӯро — Луизаро мешиносед? Шумо бояд ӯро дошед: мисли ман ӯро аз мағзи ҷон дӯст надоштан мумкин не, мисли ман... бо тамоми дилу ҷон...
Суханони ишқу муҳаббат то ҳол ҳеҷ гоҳ ба Луиза ин қадар шодиву хурсандӣ набахшида буданд. Ҳатто вақте ки бори аввал онҳо дар зери дарахти акоқиё дар ҳолати барҷоии ҳушу ақл ифода карда шуда буданд, — ҳатто ҳамон гоҳ онҳо бароиш чунин азиз набуданд. Оҳ, Луиза чӣ қадар хушбахт буд!
Аз нав аз пешонии гарм ва лабони парсингбастаи бемор бӯсаҳои пурмеҳр гирифта шуданд. Вале ин дафъа бар болои мустангер ҳамон духтаре ҳам шуд, ки ҳеҷ як сухан ба гӯшаш намедаромад, сухане ки ӯро маҷбур созаду худро ақиб кашад.
Луиза фақат қомат рост кард: ӯ дасташро ба сандуқи синааш зер карда бо тантана меистод ва мисли ин ки мехост тапиши онро ором кунад. Ӯ фақат аз ҳамин метарсид, ки ин дақиқаҳои пурсаодат аз ҳад зиёд тез нагузаранд.
Дареғо, ки тарсу бими вай рост баромад — сояе дар остона намудор шуд. Ин сояи одам буд; дақиқае пас худи одам дар таги дар ҳозир гардид.
Дар ваҷоҳати шахси воридгардида ҳеҷ чизи пурҳарос набуд.
Баръакс, чеҳра, андом, сарулиноси ӯ — ва хусусан бар акси фалокату бадбахтиҳои рӯзҳои охир хандаовар буданд. Ин марди аҷиб дар як даст томагавк дошт, дар дасти дигар мори калонҷуссае, калонии морро аз рӯи думаш, ки дар пӯги он шоҳхон шаққосзананда дошт, бо осонӣ муайян кардан мумкин буд.
Вақте ки ӯ аз остонаи кулба қадам гузошта меҳмони навро дид, ба туфайли ифодаи саросемагӣ ва тааҷҷуб, ки дар чеҳраи вай намоён гардид, таассуроти хандаовар ҳам беш дучанд шуд.
- Ё қудрати парвардигор! — мору томагавкро аз даст афтонида ва чашмонашро калон кушода хитоб кард вай. — Аз афташ, ман дар хоб мебошам! Худаш ҳамин тавр! Охир ҳеҷ мумкин не, ки ин шумо бошед, мисс Пойиндекстер? Ҳеҷ мумкин не!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор