Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фирори ногаҳонии ӯро чӣ тавр бояд фаҳмид? Он нигоҳи пур аз кину адовати бадҳашмонаро чӣ тавр бояд маънидод кард? Чаро дар он дилпурии пуртантана, эътирофкунии ғалабаи худ набуд?

Нигоҳи Исидора креолдухтарро таҳқиру маломат накард — баръакс, хурсандии пинҳониеро ба вай талқин намуд. Ва Луиза Пойндекстер ба ҷои он ки ба дашт асп тозонад, аз нав шорида аз зин фуромад ва вориди кулба гардид.

Креолдухтар ранги паридаи мустангер, чашмони ғайримисли табиӣ чархзанандаи ӯро дида, лаҳзае ранҷу озори худро фаромӯш кард.

— Ё парвардигор! — ба сӯи бистар тохта фарёд зад ӯ. — Ӯ маҷрӯҳ мебошад... мурда истодааст... Ин корро кӣ кард?

Ягона ҷавоб ким-чӣ гуна ғур-ғури берабт буд.

— Морис! Морис! Ба ман ҷавоб деҳ! Ту маро намешиносӣ — Луизаро! Луизаатро! Охир ту маро ҳамин тавр меномидӣ!

— Оҳ, фариштаҳои осмонӣ, чӣ тавр шумо зебоед! Зебо... Ха-ҳа, вақти ба шумо нигаристан ба назар ҳамин тавр менамоед. Вале нагӯед, ки мислу монандӣ шумо дар рӯи замин нест, ин нодуруст. Дар он соҳибҷамолон бисёранд, ман вале як нафари онҳоро медонам, ки назар ба шумо, фариштаҳои осмонӣ, боз ҳам соҳибҷамолтар мебошад! Ман дар бораи зебоӣ мегӯям; накӯӣ — ин гапи дигар; ман дар бораи накӯӣ фикр намекунам — не-не!

— Морис, азизам Морис, чаро ту ин тавр мегӯӣ? Охир ту дар осмон нестӣ. Ту дар ин ҷо ҳамроҳи ман — ҳамроҳи Луинзаат ҳастӣ.

— Ман дар осмонам... ҳа, дар осмон! Агар ӯ дар ин ҷо набошад, ман дар осмон истодан намехоҳам. Ин, шояд, ҷои дилпазир бошад, вале ҳамон вақт дилпазир аст, ки ӯ ҳамроҳи ман бошад. Агар ӯ дар ин ҷо мебуд, ба ман дигар ҳеҷ чиз лозим набуд. Гӯш кунед, фариштаҳо, фариштаҳое, ки дар давру атрофи ман чарх мезанед! Шумо малеҳу зебоед, ман инро инкор намекунам; вале дар байнатон аз фариштаи ман дида соҳибҷамолтар ёфт намешавад! Оҳ, ман низ иблис, иблиси зеборухро медонам. Вале ман фақат дар орзуи дидори фариштаи дашт мебошам.

— Номаш дар хотират ҳаст?

Эҳтимол, то ҳол ҳеҷ кас аз шахсе, ки дар ҳолати беҳушӣ олой мегуфт, бо чунин ҳаяҷон мунтазири ҷавоб нашуда буд. Луиза ба болои вай ҳам шуд ва аз ӯ чашм наканда, саропо гӯш шуд.

пешина
аз 509
навбатӣ