Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Исидора бо мушояти сад савора аз нав қитъаи пахтазорро мегузарад.

Ӯ дар канори ғарбии беша аспро қарор медиҳад. Дар байни онҳо ва Аламо дашти васеъ паҳн гардидааст.

— Ана дар он ҷо, — мегӯяд Исидора, — дар уфуқ нуқтаи сиёҳро мебинед? Ин нӯги дарахти сарв аст. Он дар водии Аламо сабзидааст. Рост ба он ҷо равед. Дар шафати он нишебие ҳаст, аз он ҷо ба поин фуроед. Камтар ки роҳ тай кардед, ҳакалей ман гуфтагиро мебинед.

Дигар ҳоҷат ба дастур набуд. Саворон духтарро, ки ба онҳо роҳ нишон дода буд, ба ҳисобе қариб фаромӯш карда, ба дашт асп монда, ба сӯи сарв равон мешаванд.

Аз саворон фақат як кас аз ҷой наҷунбид: он ҳам сардори отряд не, балки шахсе буд, ки воқеаи рӯйдода тавҷехашро аз вай камтар не, ҳатто бештар ҷалб менамуд, алалхусус вақте ки сухан аз зани Исидора дидагӣ кушода шуд. Ӯ забони Исидораро мисли забони модарии худ нағз медонад.

— Сеньорита, гӯед ки, — қариб бо оҳанги илтиҷоомез ӯ ба мексикондухтар муроҷиат менамояд, — аспреро, ки он зан савор буд, дидед?

— Албатта! Ҳар кас ҳам бошад медид!

— Рангаш чӣ хел буд? — дар ҳолате, ки аз ҳаяҷон нафасаш мегашт, мепурсад ӯ.

— Мустанги гули бодом.

— Мустанги гули бодом? Худоё! — нолишкунон хитоб менамояд Қассий Колҳаун ва ба дунболи отряд асп метозонад.

Ба Исидора равшан мегардад, ки боз як қалби дигар бо ҳамон алангаи хомӯшнашаванда фаро гирифта шудааст, ки дар назди он ғайр аз марг ҳама чиз оҷиз мебошад.

Боби LXI

ФАРИШТАИ ОСМОНИ

Фирори бошитоб ва ногаҳонии рақиба Луиза Поиндекстерро дар тааҷҷуб момонд. Ӯ акнун Камарро маҳмез зада чорхез давонданӣ буд, вале аз он чӣ ки рӯй дод, дар ҳолати гарангӣ дудила шуда истод.

Фақат як дақиқа пеш ӯ аз дар ба даруни кулба назар андохта ҳамин занро дида буд, ки зоҳиран, худро дар он ҷо бону ҳис мекард.

пешина
аз 509
навбатӣ