Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Модархудои куддуса, не!
— Шумо чӣ буданашро намедонед?
— Асло не! Чӣ тавре, ки гуфтам, фақат дар ин бора шунидам. Вале кӣ медонад, кӣ он чист!

Ҳама ба фикр фурӯ рафта чанд гоҳе хомӯш меистанд.
Баъд плантатор пурсуҷӯро давом медиҳад:
— Шумо дар ин ҷойҳо ягон касро вонахӯрдед, мисс?
— Вохӯрдам.
— Кӣро? Лутфан қиёфаашро тасвир...
— Занеро.
— Занеро? — якчанд овоз баробар такрор мекунанд.
— Бале, сеньорҳо.
— Чӣ хел зан?
— Америкой.
— Америкой? Дар ҳамин ҷо? Танҳо?
— Бале.
— Кӣ бошад?
— Кӣ медонад?
— Шумо ӯро намешиносед? Афташ чӣ хел?
— Ҳа, чӣ хел сарулибос дошт?
— Сарулибоси шоҳсаворӣ.
— Пас, аспакӣ буд?
— Бале.
— Шумо ӯро дар куҷо вохӯрдед?
— Аз ин ҷо наздик, дар он тарафи паттазор.
— Ба кадом тараф мерафт? Дар он ҷо хона-пона ҳаст?
— Фақат як ҳакале ҳаст.
Пойндекстер ба яке аз аъзоёни отряд, ки забони испаниро
медонист, рӯ меорад:
— Ҳакалеаш чӣ?
— Кулбаҳояшонро ҳамин тавр меноманд.
— Он ҳакале аз они кӣ?
— Азони дон Морисиюи мустангер.

Дар байни издиҳом ғулгулаи хушҳолона баланд мегардад.
Пас аз ҷустуҷӯи дурӯғини монданашаванда, ки саботкорона бошад ҳам, бенатиҷа буд, оқибат изи қотилро гирифтанд.
Ононе, ки аз асп фуромада буданд, аз нав ҷаста ба зин савор шуда, омодаи рафтан мегарданд.

— Мисс Мартинес, узри бандаро қабул фармоед, вале шумо бояд роҳи он ҷоро ба мо нишон диҳед.
— Роҳ барои ман чап мешавад. Хайр майлаш, биёед рафтем! Агар хоҳишатон ҳамин бошад, ман шуморо гусел мекунам.

пешина
аз 509
навбатӣ