Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Аз Леона!
— Ин додарзодаи Мартинеси куҳансол, — мефаҳмонад яке аз ҳозирон. — Плантацияҳои вай бо плантацияҳои шумо ҳамҳудуданд, мистер Пойндекстер.
— Ҳа, ҳа, ин дуруст. Ман додарзодаи дон Сильвио Мартинес.
— Шумо рост аз асиендаи вай меоед? Барои исроркориам маро бубахшед, вале бовар кунед, мисс, ин кунҷковии мо аз бекорӣ не. Моро ба ин сабабҳои басе ҷиддӣ водор мекунанд.
— Бале, ман рост аз асиендаи Мартинес меоям, — гӯё суханони охирини ӯро нашунида бошад, ҷавоб медиҳад Исидора. — Ман расо ду соат аз ин пеш аз хонаи амакам баромада будам.
— Дар он сурат, бешубҳа, хабари одамкуширо шунидед?
— Бале, сеньор. Дирӯз дар ин бора дар хонаи амакам Сильвио гап зада буданд.
— Вале имрӯз, вақти баромада омаданатон дар поселка ягон хабари тоза набуд? Мо аз он ҷо хабар гирифта будем, вале хабарҳои мо гирифтагӣ барвақттар буд. Шумо ҳеҷ чиз нашунидед мисс.
— Ман фақат шунидам, ки ба кофтукови қотил отряде баромадааст. Отряди шумо, сеньор?
— Ҳа-ҳа, эҳтимол, онҳо моро дар назар дошта бошанд... Шумо дигар ҳеҷ чиз нашунидед?
— Ҳа, воқеан, шунидам, вале, сеньорҳо, хабари хеле аҷиб, чунон аҷиб ки шумо гумон мекунед, ки ман шӯхӣ мекунам.
— Чӣ хел хабар? — тахмин бист кас баробар мепурсад ва бо камоли диққат кунҷковона ба савораи соҳибҷамол менигаранд.
— Мегӯянд, ки ким-киро бесар дидаанд... ба асп савор... дар ҳамин ҷойҳо... Худоё раҳм кун! Мо, шояд, ба ҳамон ҷо наздик бошем. Ин дар қарибии Нуэсес, наздик ба гузаргоҳ, ки роҳ ба Рио-Гранде тоб мехӯрад. Вакеро ҳамин тавр гуфтанд.
— Эҳ, пас, ӯро ким-чи хел вакеро дидаанд?
— Бале, сеньорҳо, онҳо се нафар буданд ва қасам мехӯранд, ки ӯро дидаанд.
Он хотирҷамъии аҷибе, ки техасиҳо истода ба ҳикояти ӯ гӯш мекарданд, то як андоза Исидораро дар ҳайрат мемононад. Касе сабаби инро мефаҳмонад:
— Ҳамон савораи бесарро мо ҳам дидем, лекин аз дур. Вакеруи шумо ӯро аз наздик дидаанд — чӣ буданашро фаҳмиданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор