Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

омада истодаро мунтазир мешавад. Суханони вай шарҳи он мебошанд, ки чаро ӯ ин корро кард.
— Сарулибоси онҳо аз сарулибоси шикорчиён дида хеле нағз. Ин, шояд, отряди ман шунидагӣ бошад — бо сардории падари... Ҳа-ҳа, онҳо худашон. Ана фурсати қасосгирӣ! Иродаи худованд ҳамин.

Исидора ба ҷои он ки сари аспро гардонда ба паттазор дарояд, ба ҷои васеъ мебарояд ва бо қиёфаи ҷиддӣ ба пешвози саворон равон мешавад. Ӯ лаҷоми аспро мекашад ва онҳоро мунтазир шуда меистад. Нақшаи хоинонае дар дилаш пайдо мешавад.

Пас аз як дақиқа саворон аз чор тараф ӯро иҳота мекунанд.
Онҳо тахмин сад нафар мебошанд, бо яроқу аслиҳаи гуногун мусаллаҳ буда, сарулибоси гуногун доранд. Ягона чизе,
ки онҳоро ба якдигар монанд мекунад, — ин гарду чанги хокистарранги сарулибоси онҳо ва қиёфаҳои ҷиддии онҳо мебошад, ки кунҷковии саҳл намоён андаке онҳоро нарм кардааст.

Ҳар касе, ки набошад, алалхусус зан, худро дар байни чунин ҷамоат дида, ба худ меваҳмад, вале Исидора ягон қадар намеҳаросад. Исидора одамонеро, ки бо чунин бетакаллӯфӣ ӯро иҳота карда буданд, хатарнок намешуморад. Ӯ баъзеи онҳоро аз қиёфаашон мешиносад. Вале марди миёнсолеро, ки шояд, ба отряд сардорӣ мекунад ва ҳозир ба вай савол медиҳад, Исидора пештар ҳеҷ гоҳ надида буд, агарчӣ кӣ буданашро пай мебурд. Вай аз афташ, падари ҷавони мақтул, падари духтаре мебошад, ки Исидора мехост дар оғуши марг ё ҳеҷ набошад шармандаву расвояш бубинад.

Чӣ тавр фурсати мувофиқ!
— Мадмуазель, шумо забони фаронсавиро медонед? — мепурсад аз ӯ Вудли Пойиндекстер ва тахмин мекунад, ки Исидора ин забонро беҳтар мефаҳмад.

— Хеле кам, сеньор. Беҳтараш ба забони англисӣ гап занед.
— Бо забони англисӣ? Барои мо беҳтар. Мисс, гӯед ки дар ин ҷо ягон касро надидед? Ман гуфтаниям, ки ягон савораро дучор наомадед ё, шояд, бошишгоҳи ягон касро дида бошед?

Исидора ё дидила мешавад, ё ҷавоби худро ҳартарафа фикр мекунад.
Плантатор пурпусори худро боодобона давом медиҳад.
— Иҷозат диҳед пурсам, ки дар куҷо зиндагӣ мекунед?
— Дар Рио-Гранде, сеньор.
— Шумо рост аз ҳамон ҷо меоед?
— Не, аз Леона.

пешина
аз 509
навбатӣ