Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дигар тасаллои хотир надорам. На фақат Лӯиза, балки мустангер низ — бояд ҳардуяшон баробар бимиранд! Вале ҳозир не, балки ҳамон вақте ки ӯ аз дасти кӣ ҳалок гардиданашро мефаҳмад! Модарҷудои куддуса, қуввате бубахшой, ки қасос бигирам!

Исидора аспро маҳмез мезанад ва аз кӯтали рост зуд боло мебарояд.

Ӯ ба ҳамвории болой баромада, намеистад ва аспро дам намедиҳад, балки ба дашт чорнаъл метозонад ва зоҳиран ба куҷо рафтанашро худаш намедонад. На овоз, на лаҷом аспро идора намекунанд ва фақат маҳмез ӯро ба пеш меронад.

Асп, ки ба ҳоли худ сар дода шудааст, бо ҳамон роҳи омадагиаш пеш метозад. Ӯ соҳиби худро ба Леона мебарад. Вале оё ӯ соҳибашро бояд ба он ҷо бубарад?

Зоҳиран, барои савора фарқ надорад. Ӯ сар ба зер афканда ва ғарқи фикру хаёл гардида, ҳеҷ чиз, ҳатто девонавор чорхез тохтани аспи худро ҳис намекунад. То он даме, ки асп фириққос зада, якбора дар ҷояш намеистад, Исидора сафи тираи саворони наздик омада истодаро намебинад.

Онҳо вай дар дашт отряди саворонро мебинад.

Ҳиндуҳо? Не, сафедпӯстон — ин чандон аз ранги пӯст не, балки аз зин ва тарзи нишасташон намоён буд; риши онҳо низ аз он шаҳодат медиҳад, вале дар зери қабати ғафси гарду чанг ранги пӯсту муайян кардан душвор мебошад.

— Техасиҳо, — ғур-ғур мекунад Исидора. — Эҳтимол, ин отряди команчиҳоро ҷустуҷӯкунанда бошад... Вале ҳиндуҳо дар ин ҷо нестанд. Агар дар поселка рост гӯянд, онҳо аллакай аз ин ҷо хеле дур рафтаанд.

Исидора бо онҳо рӯ ба рӯ омадан намехоҳад. Дигар вақт мебуд, ӯ худро аз онҳо чет намекашид, вале дар айни ғаму андӯҳ саволу ҷавоб ва нигоҳҳои кунҷковона барояш ногувор мебошанд.

Вақти руст шудан ҳаст. Ӯ ҳанӯз дар миёни буттаҳо мебошад. Зоҳиран, саворон ӯро намебинанд. Ба паттазор тоб хӯрда аз чашм пинҳон мондан мумкин.

Вале Исидора ба кардани ин кор фурсат наёфта, аспаш баланд шиҳа мекашид. Бист аспи дигар ба ӯ ҷавоб медиҳанд.

Ба ҳар ҳол ҳанӯз гурехтан мумкин. Ҳатман ӯро дунболгирӣ мекунанд. Вале хусусан дар ин пайраҳаҳои печ дар печи ба вай хеле нағз шинос оё ба ӯ расида гирифта метавонанд?

Бо ҳамин фикру хаёл ӯ сари аспро мегардонад, вале ҳамон дам аз нав ӯро нигоҳ медорад ва оромона отряди ба сӯяш тозон

пешина
аз 509
навбатӣ