Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

қаҳру ғазаб ва тааҷҷуб буд. Нигоҳи охирини Исидора, ки баробараш носазоҳои дағалона гуфта шуданд, пур аз қаҳру ғазаби оҷизона буд.

Боби LX

ЗАНИ ХИЁНАТПЕША

Агар илоҷи муқоисаи ҳодисаҳои табиат ва таассуроти одам мешуд, дар он сурат зиддияти тезу тундеро назар ба дурахши чашмҳиракунандаи офтоби осмони Аламо ва сиёҳии дили Исидора ҳангоми аз ҳотели Мустангер баромада рафтанаш ёфтан басе душвор буд. Шӯру ҳарорати ишқ дар дилаш туғён мекард ва бештар аз ҳама ташнаи қасос буд. Вай дар он ким-чи гуна ҳузуру ҳаловати талхе пайдо кардани мешуд ва ин эҳсос ӯро аз яъсу ноумедиҳо наҷот медод. Набошад бори ғамаш тоқатнопазир мегардид.

Ӯ аз сояи дарахтон роҳ мепаймуд ва фикру хаёлҳои хузнангез азобаш медод. Ҳангоми ба лаби ҷарӣ расида осмони дурахшони лоҷувардиро диданаш, шод нагардид, балки ба назараш чунин менамуд, ки осмон ба ӯ механдад.

Исидора дар доманаи пастҳамие истод. Дар болои сари ӯ шохаҳои тираи сарв ба ҳар тараф паҳн гардида буданд. Сояи ғафси онҳо назар ба шуоъҳои шодибахши офтоб ба дили ғамзада наздиктар буданд.

Вале ба қарор додани асп ӯро ин маҷбур накард. Дар майнааш фикре пайдо шуд, ки аз сояи сарв тиратар буд. Инро аз гиреҳи чинҳои пешонӣ, абрувони дарҳам кашидан болои чашмони сиёҳи дурахшонаш ва ифодаи бадҳашмонаи чеҳрааш қазоват кардан мумкин буд.

— Чаро ман духтарро ҷо ба ҷо накуштам? — пичиррос зад вай.— Шояд, ҳанӯз ба гаштан дер нашуда бошад? Хӯш, агар ман ӯро кушам, чӣ чиз тағйир меёбад? Охир бо ин кор дили мустангерро ба даст оварда намешавад. Дар он дил барои ман ҷое нест, то абад ҷое нахоҳад шуд! Охир ин суханон аз қаҳри дили ҷавон садо доданд. Дар орзуву хаёли ӯ фақат Луиза зинда аст! Барои ман умеду орзу намонд! Не, бояд мустангер бимирад! Маро бадбахт кардагӣ ӯ мебошад. Вале, агар ман ӯро кушам, он гоҳ чӣ? Ҳаёти ман ба чӣ табдил меёбад? Ба азобу уқубати тоқатфарсо!.. Магар ҳозир ин азобу уқубат нест? Ман дигар ба ин кину азоб тоб оварда наметавонам! Ба ҷуз иптиком

пешина
аз 509
навбатӣ