Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
азони ӯст. Эҳ, ин фикр бағоят азиятовар буд, ки он бо сухан ифода карда шавад!
Хулосаҳои Исидора баровардагӣ низ дар возеҳӣ камтар возеҳ ва дар пуразоби камтар пуразоб набуданд. Ӯ акнун медонист, ки умедашро канданаш лозим. Барои он ки ба ҳақиқати талх бовар кунад, ба суханони берабти бемор аз ҳад зиёд дурудароз истода гӯш кард. Дар остона рақибааш меистод, ки вай Исидораро аз дили мустангер танг карда бароварда буд. Онҳо бо чашмони дурахшанда, аз ҳамон як эҳсос ошуфтаҳол, аз ҳамон як фикр музтариб дар рӯ ба рӯи ҳамдигар меистоданд.
Ҳардуяшон ҳам ки ба як кас дил дода буданду ҳардуяшонро ҳам рашк азоб медод, дар назди ӯ меистоданд, ҷавон бошад, афсӯс ки на ҳузур доштани инашро мефаҳмид ва на ваяшро.
Ҳар кадом дигариро рақибаи хушбахти худ мешумурд. Луиза он суханонеро, ки ба вай таскин бахшиданашон мумкин буд, суханонеро, ки то ҳол дар гӯши Исидора садо дода, дилашро меозурданд, нашунида буд. Қалби ҳардуяшон пур аз кинаю нафрати пӯшида ва аз ин рӯ аз ҳар ҷиҳат боз ҳам даҳшатангезтар буд. Онҳо ҳарфе ба якдигар нагуфтанд. Ягон каси онҳо шарҳи тавзеҳот намепурсид, ягон каси онҳо мӯҳтоҷи шарҳу тавзеҳ набуд. Лаҳзаҳое ҳастанд, ки ронда шудани сухан фарзиёд мебошад. Ин ба ҳамдигар бархӯрии ду эҳсоси таҳқирдада буд, ки фақат бо нигоҳҳои пур аз нафрат ва қачшавии таҳқиромези лаб ифода меёфтанд.
Вале онҳо фақат сонияе дар ҳамин ҳолат истоданд.
Баъд Луиза Пойндекстер баргашту ба сӯи дар равон шуд. Дар кулбаи Морис Чералд барои вай ҷой нест!
Исидора қариб домани дарози пероҳани рақибаашро зер карда, низ аз дар баромад. Ҳамон фикр низ ӯро аз он ҷо бароварда пеш мекард: дар кулбаи Морис Чералд барои ӯ ҷой нест!
Гӯё ҳар ду шитоб доштанд ҷоеро, ки қалби онҳо пора-пора гашта буд, ҳар чи зудтар тарк кунанд.
Аспи кранд наздиктар ва мустанги гули бодом дуртар меистод. Исидора якумин шуда часта ба зин нишаст. Вақте ки ӯ аз назди Луиза мегузашт, вай ҳам аллакай ба асп савор мешуд.
Рақибаҳо боз ба ҳамдигар нигаристанд — нигоҳи ягон каси онҳоро пуртантана номидан мумкин набуд, вале дар онҳо бахшоиш ҳам дида намешуд. Нигоҳи креолдухтар пур аз ғам ва апдӯх,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор