Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Чун Луиза фаҳмид, ки ӯ аввалин каси Морис-мустангерро пурсуҷӯ мекардагӣ нест ва боз як зан аллакай ин саволҳоро дода буд, маъюс гардида, сари аспашро гардониду роҳи Каса-дель-Корворо пеш гирифт.
Шаби дароз аз бехобӣ Луиза худро ба ҳар тараф мепартофт ва ҳеҷ ором гирифта наметавонист. Дақиқаҳое, ки ганабаш мебурд, хобҳои хавфнок азобаш медоданд.
Субҳ даромада бошад ҳам, ӯ осуда нагардид, вале он бо худ ҷасорати қатъӣ, шуҷоати қариб далерона овард.
Ба соҳилҳои Аламо сафар кардан барои Луиза Пойндекстер маънии вайрон кардани қоидаҳои одобу русумро дошт. Вале азму ҷазмаш маҳз ҳамин буд.
Касе набуд, ки ӯро нигоҳ дорад, инро ба вай манъ кунад. Ҷустуҷӯ шаби дароз давом кард ва отряд то ҳол гашта наомада буд, дар Каса-дель-Корво аз он ҳеҷ хабар набуд. Креолдухтари ҷавон бонуи комили асиенда ва соҳибихтиёри амалу рафтори худ буд ва фақат худи вай медонист, ки чӣ ӯро ба ин қадами бебокона тела медиҳад.
Вале инро пай бурдан мушкил набуд.
Луиза Пойндекстер аз он касоне набуд, ки дудила шавад. Ҳатто ишқу муҳаббат, - ки қавитарин касонро ба итоати худ медарорад, ӯро таслим карда натавонист. Вай бояд ҳақиқатро дониста гирад! Шояд, бахту саодат, шояд, маҳви тамоми орзуву умедҳо ӯро нигарон бошад. Аз шакку шубҳаи ҷонкоҳ дида, ҳатто маҳв гардидани ҳама орзуву умедҳо ба назараш беҳтар менамуд.
Муҳокимарониҳои ӯ ва муҳокимарониҳои рақибааш қариб як хел буд!
Луизаро аз раъяш гардонидан фоида надошт. Ҳатто гапи падараш ӯро аз нияташ боздошта наметавонист.
Вақте ки субҳ дамид, Луиза аллакай савори асп ба рафтан тайёр буд. Ӯ аз дарвозаи Каса-дель-Корво баромада, ба дашт бо пайраҳаи аллакай шинос равон шуд.
Ҳангоме, ки вай аз ҷойҳои шинос ва қадрдон гузашта мерафт, дили ӯ аз ёддоштҳои дилҳоҳу ширин чандин маротиба тапид.
Дар чунин лаҳзаҳо ӯ он ранҷу азоберо, ки ба ин сафар маҷбураш карда буданд, фаромӯш менамуд, фикру хаёлаш танҳо бо он банд мешуд, ки бо маҳбубаш дидор мебинад ва орзу мекард

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор