Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ӯро аз чанголи душманонаш, ки шояд, аллакай иҳота карда бошандаш, наҷот диҳад.
Агарчи аз ваҷҳи маҳбубаш дар ҳавотир бошад ҳам, ин дақиқаҳои саодатманд буданд, хусусан агар онҳоро бо он соатҳое, ки фикри бевафоии ҷавон азобаш медоданд, муқоиса кунем.
Дар байни Каса-дель-Корво ва кулбаи танҳои мустангер бист мил роҳ буд.
Барои шахсе, ки ба аспсавории аврупоӣ одат кардааст, чунин масофа сафари дурудароз намуданаш мумкин буд. Вале барои бошандагони дашт дар ду соат тай намудани ин масофа ҳеҷ мушкилие надорад — онҳо чунон бо суръат асп метозонанд, ки гӯё рӯбоҳ ё оҳуро дунболгирӣ мекарда бошанд.
Ҳатто савори аспи сустрав ин гуна саёҳат малоловар нест, вале бо Қамар барин аспи зебои галагузар, ки ба дашти азизаш зӯр мезад, ба толеи бади савораи мо, шояд, ниҳоят зуд ба охир расид.
Ҳар қадар ки Луиза хаставу кӯфта набошад, ӯ акнун маюс набуд — дар дили пурандӯҳаш шӯълаи умед партав меафканд.
Вале баробари ба остонаи ҳакала қадам гузоштан он шӯъла хомӯш гардид. Фарёди пасте кашид — мисли ин ки дилаш пора-пора гардид.
Дар кулба зане буд.
Лаҳзае пеш аз ин ӯ низ фарёд кашид ва нидои Луиза ба назар акси садои он намуд — зеро ранҷу дарди оҳанги овози онҳо ба ҳамдигар хеле монанд буд.
Фарёди нави Исидора ҳамчун акси садо дуюмбора басе равшан садо дод; ӯ баргашта занеро дид, ки бемор навакак номи ӯро ба забон ронда буд, — ҳамон «Луизаеро» дид, ки ҷавон дар ҳолати баланди вараҷа олой гуфта бо муҳаббат ва меҳрубонӣ номашро гирифта чеғ мезад.
Барои креолдухтари ҷавон ҳамаш маълум, азиятоварона ошкору равшан гардид. Дар назди вай зане меистод, ки мактуби ошиқона навишта буд. Дар ҳар ҳол мулоқот барпо гардида буд! Шояд, дар ялангӣ дар муноқиша шахси сеюм — Морис Ҳералд ҳам иштирок карда буд? Сабаби ба ин аҳвол гирифтор шудани вай ҳамин набошад: Луиза дарҳол дид, ки сар то пои Морис латтапеч дар бистар хобидааст.
Оре, нома навиштагӣ ҳамин зан худаш, ӯро «азизам» гуфтагӣ ва аз чашмони ӯ ба ваҷҳ омадагӣ худи ҳамин зан аст ва ба мулоқот чеғ задагӣ ҳам худи ӯ; ҳоло ӯ дар назди ҷавон истода, навозишкорона ба вай парасторӣ мекунад — пас, ҷавон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор