Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

вай.— Ин гуна мактубро ӯ бори аввал намегирад, онҳо аллакай дар ин ҷо вохӯрдаанд. «Дар болои тал, дар паси хонаи амакам» — чунин супориши норавшан кифоя! Пас, ӯ тез-тез ба он ҷо мерафтааст.

Вале ба зудӣ қаҳру ғазаб ба яъсу ноумедии бепоён табдил ёфт. Эҳсосоти вай мисли варақи қоғазе, ки дар назди пояш афтида мехобид, ғиҷим карда, поймол карда шуда буд.

Ӯро фикрҳои ғамангез фаро гирифт. Дар сари ҳаяҷон ӯ дар дил тиратарин қарорҳо қабул кард. Ӯ Луизианаи азизашро ба хотир овард ва хост ба он ҷо баргардаду ғаму ғуссаи ниҳонии худро дар дайр ба хок супорад. Агар дар ин соати ҳузну андӯҳи бепоён дайр наздик мебуд, ӯ, эҳтимол, тарки хонаи падар мекард, ки дар чордевори муқаддаси он паноҳгоҳ ҷӯяд. Дар ҳақиқат ин дар ҳаёти Луиза тиратарин рӯз буд.

Пас аз соатҳои дурударози ноумедӣ ӯ каме таскин ёфт ва оқилонатар андеша ронд. Ӯ гашта аз нав мактубро хонд ва ҳар сухани онро санҷида баромад.

Умеде дар дилаш пайдо шуд, ки Морис Жералд дар поселка набуд. Чунин тахмин дар гумон имконпазир менамуд. Зане, ки мулоқот таъин карда буду дилпурона омадани маҳбубашро интизорӣ мекашид, агар аз ин воқиф набошад, ин аҷиб коре буд. Вале ба ҳар ҳол ӯ рафта метавонист — охир ӯ тараддуди сафар карда буд.

Барои Луиза Поиндекстер, духтари плантатори сарбаланду мағрур гумону шубҳаи худро санҷида дидан, кори хеле мушкиле буд, вале дигар чора надошт. Ва ҳангоме, ки торикӣ ғафстар шуд, ӯ савори мустанги гули бодом ба кӯчаҳои поселка равон шуд ва дар назди дари меҳмонхона, дар ҳамон ҷое, ки якчанд соат пеш айғири булӯри Исидора истода буд, аспашро қарор дод.

Он бегоҳ кӯчаҳои посёлка аз мардум холӣ буданд. Баъзеҳо ба ҷустуҷӯи қотил рафта буданд, баъзеҳо ба муқобили команчиҳо ба юриш. Обердофер ягона шоҳиди рафтори беэҳтиётонаи Луиза буд. Зимнан соҳиби меҳмонхона дар ин ягон чизи мустаҷиби маълумот намедид; комилан ба вай табиӣ намуд, ки хоҳари ҷавони мақтул мехоҳад аз навигариҳо огоҳ шавад; сабаби омадани духтарро ӯ ба худ маҳз ҳамин тавр маънидод мекард.

Немиси камфаросат ҳатто пай ҳам набурд, ки дар аввали сӯҳбат Луиза Поиндекстер бо чӣ гуна қаноатмандӣ ба ҷавобҳои ӯ гӯш меандохт; аз ин ҳам дида камтар пай бурд, ки бо иродати эроди тасодуфии худ чӣ гуна боиси ранҷиши ӯ гардид ва ин ба гуфтугӯи онҳо хотима гузошт.

пешина
аз 509
навбатӣ