Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Он чи ки ӯро ба ақиб кашидан маҷбур сохт, аз захри ақраб ҳам бадтар буд. Ин фақат як сухан — як сухани кӯтоҳакак буд.
Оё ин кирои ҳайрон шудан мекунад! Чӣ тавр аксар вақт бахту саодати якумрии одам аз як сухани кӯтоҳи «ҳа» вобаста аст! Ва аксар вақт, ин бисёр шудааст, ки ҳамин гуна сухани кӯтоҳи «не» ба сари кас ғаму кулфатҳо меорад.
Боби LIX
ВОХӮРИ ДАР ҲАКАЛЕ
Рӯзе, ки Луиза Пойндекстер Мигуэль Диасро аз қайди лассо раҳо кард, шояд, барои вай, дар ҳаёташ рӯзи аз ҳама ғамангез буд.
Рӯзи гузашта ғаму ғуссаи додари гумгаштааш бо ташвишу изтироби маҳбубаш омехта гардид. Вале акнун рашку ҳасад ин ғаму андӯҳро дучанд мекард.
Ғусса, тарс, рашк — оё ин барои як дил аз ҳад зиёд набуд?
Луиза Пойндекстер мактуберо, ки дар он исботҳои хиёнати маҳбубаш баён ёфта буданд, хонда ба ҳамин ҳолат афтид.
Рости гап, мактубро ӯ навиштагӣ набуд ва исботҳоро бевосита шумурдан мумкин набуд.
Вале креолдухтари ҷавон дар сари ғазаб аввал дар ин бора фикр накард. Аз рӯи мактуб, муносибати байни Морис Джералд ва мексикондухтар, назар ба гуфтаи ҷавон, хеле муҳаббатомез буд. Пас, Морис креолдухтарро фиреб медодааст.
Набошад ин зан барои чӣ бо чунин густохии ошкоро дар бораи эҳсоси худ, дар бораи «чашмони зебо ва фаттони вай менавишт?»
Ин мактуби дӯстона набуд — аз он бӯи эҳтирос меомад. Креолдухтар ин сатрҳоро ҳамин тавр мефаҳмид — охир дили вай дар оташи ишқ месӯхт.
Ва, ғайр аз ин, дар он аз мулоқот гап мерафт! Рости гап, мексикондухтар фақат ҳаминро илтимос мекард. Вале ин фақат ваҷҳ, ишваи зане мебошад, ки дилаш аз худаш пур аст. Мактуб бо илтимос не, балки бо фармони тамоми мешуд: «Биёд охир, ман мунтазири шумо».
Луиза ин сатрҳоро хонда, ихтилоҷомез мактубро ғиҷишт кард. Дар ин ҳаракат на фақат рашк, балки иштиёқи қасос ҳис карда мешуд.
— Ҳа, акнун ҳамааш ба ман маълум! — бо андӯҳ хитоб намуд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор