Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ, эҳтимол, дар бораи як зан гап занад — вай якзайл ӯро ёдоварӣ мекунад.
— Дар бораи зан?
— Бале. Ӯ якзайл номи духтареро гирифта чег мезанад.
— Номи духтаро? Сеньор, чӣ хел ном?
— Эҳтимол, ин номи хоҳараш бошад. Ман ҳатто боварӣ дорам, ки хоҳарашро ба хотир меорад.
— Мистер Стумп, агар шумо дар бораи мастер Морис гап заданӣ бошед... — гуфтанӣ буд Фелим.
— Дам шав, аблаҳ! Ба ҳар ош қаттиқ нашав. Ин кори ту барин одам не. Биё рафтем, — гуфт ӯ ва аз назди хакале дур шуда, Фелимро ба дунболаш бурд. — Мехоҳам ки каме бо ман сайру гашт кунӣ. Вақти қад-қади дарёча боло рафтанам, мори зангиро кушта, дар ҳамон ҷо мондам. Агар ягон махлуқ аллакай ӯро бардошта набурда бошад, гирифта биёр. Набошад бо он овора шуда ягон мурғи марҷонро зада наметавонам.
— Зангӣ? Мори зангӣ?
— Худи худаш.
— Вале шумо морро намехӯред-ку, мистер Стумп? Охир заҳраш одамро куштанаш мумкин.
— Ҳай мефаҳмӣ! Заҳраш аллакай мондагӣ не. Ман калла ва ҳамроҳи он тамоми заҳрашро бурида партофтам.
— Зор монад! Нағзаш аз гуруснагӣ мурда мераваму онро ба даҳан намегирам!
— Мурданӣ бошӣ, мурдан гир! Кӣ мегӯяд, ки хӯр? Ман фақат мехоҳам, ки морро ба хона биёрӣ. Биё рафтем ва ҳар чи ки мегӯям, ҳамонро кун. Набошад маҷбур мекунам, ки сарашро ҳамроҳи заҳрашу дандони заҳрдораш покиза хӯрӣ!
— Ба виҷдонам, мистер Стумп, ман ҳаргиз аз гапи шумо берун баромаданӣ набудам! Ҳар чи ки фармоед, иҷро мекунам. Ман ҳатто тайёрам, ки морро паккос занам! Патрики валӣ, ма-ни гунаҳкорро бубахш!
— Бало ба паси Патрики валиат! Биё рафтем!
Фелим дигар баҳс карда нанишаст ва итоаткорона аз паси шикорчӣ ба беша равон шуд.

Исидора ба кулба даромад ва ба рӯи бемор ҳам шуд. Ӯ пешонии гарм ва лабони парсингбастаашро бӯсаборон кард. Ва, мисли ин ки каждум газида бошадаш, якбора худро қафо кашид.

пешина
аз 509
навбатӣ