Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
миён дар об меистод ва аз соҳил даррандаи хол-хол, ки шумо, мексиконҳо ӯро бабр меномед, ба рӯи ӯ ҷаҳиданӣ буд. Аз ин бало ман ҷонашро халос кардам. Вале пеш чӣ воқеа шуда буд, ин барои ман сирри махфист. Ҷавон ақлашро гум кардааст ва ҳозир аз ӯ ҳеҷ чиз дониста гирифта намешавад. Бинобар ҳамин ба ҷуз сабр дигар чора нест.
— Вале, сеньор, шумо боварӣ доред, ки ҳеҷ хатаре ба ҷонаш таҳдид намекунад? Захмҳои ӯ хавфнок нестанд?
— Не. Каме вараҷа дорад. Захмаш захм нею изи ҳанҷол. Ба худ ки омад, ҳамаш таппа-тахт шуда меравад. Пас аз як ҳафта асп барин бардам мешавад.
— Оҳ, ман ба ӯ ғамхорона нигоҳубин мекунам!
— Марҳамати шумо зиёд, вале... вале...
Зеб дудила шуд. Ногаҳон фикре ба хаёлаш омад. Ана вай чӣ фикр кард.
«Ин бояд ҳамон духтаре бошад, ки вақти дар меҳмонхонаи Обердофер хоб карданаш ба вай савғо мефиристод. Духтар ба ҷавон ошиқ аст — ин рӯз барин равшан. Ошиқи шайдо мебошад. Он духтари дигар ҳам. Ин ҳам маълум, ки ҷавон дар бораи инаш не, балки дар бораи ваяш орзу мекунад. Агар инаш шунавад, ки ҷавон ҳарза гуфта истода дар бораи ваяш гап мезанад — вай шаби дароз фақат номи он духтарро гирифта чег мезад — охир ин дилҷаи ӯро реш-реш мекунад. Бечора, дилам ба ӯ месӯзад — аз афташ, меҳрубон менамояд. Вале охир мустангер ҳардуяшро зан карда гирифта наметавонад, духтари американӣ бошад дар дилу дидааш ҷо шудааст. Кори нағз нашуд. Ин духтари абрӯсиро ба гап даровардан лозим, ки монда равад ва ҳеҷ набошад, то Морис дар ҳаққи Луиза алонғӯиро бас накунад, ба ин ҷо набиёяд».
— Гап ҳамин, мисс, — оқибат ба мексикоидухтар рӯ овард Стумп, ки ӯ бесаброна маътали гап задани Зеб буд, — нағзаш ба хона равед-чӣ? Вақте ки сиҳат шуд, биёед. Охир вай ҳатто шуморо намешиносад. Ҳоҷати истода ӯро нигоҳубин карданатон нест, дардаш дарди мӯҳлик не ва мурданӣ ҳам нест.
— Нашиносад ҳам майлаш. Ман аздусар бояд ба вай нигоҳубин кунам. Шояд, ба вай ягон чиз лозим шуда монад. Ман ҳамаашро муҳайё месозам.
— Модоме, ки дилатон бошад, истодан гиред, — гуфт Зеб ва гӯё кадом як фикри нав ӯро маҷбур сохт, ки розӣ шавад. — Кори шумо! Лекин фақат ба гапҳои вай аҳамият надиҳед. Вай дар бораи куштор ва ҳар чизе ки ба даҳонаш ояд, гап мезанад... Одами олой мегуфтагӣ аксар вақт ҳамин тавр. Шумо натарсед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор