Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Шумо саҳв мекунед, мистер Стумп. Ӯ ба забони англисӣ ҳам гап мезанад... Ҳамту не, хонум?
— Кам-кам ба англисӣ гап мезанам, — ҷавоб дод мексикои-духтар, ки то ҳол хомӯш истода гӯш мекард. — Кам-кам.
— Анаю халос! — каме хиҷил шуда хитоб намуд Зеб: — Мебахшед, сеньорита. Шумо ба забони англисӣ кам-кам ҳарф мезанед? Муҷо боно — боз беҳтар. Дар он сурат, сабаби ба ин ҷо қадам ранҷумандатонро ба ман баён карда метавонед. Роҳро-ку гум накардаед?
— Не, сеньор... — ҷавоб дода хомӯш гардид ӯ.
— Пас, дар куҷо буданатонро медонед?
— Бале, сеньор... Бале... Ин хонаи Морисно Зерал аст?
— Бале, ҳамин тавр. Нағзаш номашро нагиред... Ин кулбаро хона номидан мушкил, вале дар ҳақиқат ӯ дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад. Шумо соҳибабро дидан мехоҳед?
— Ҳа, сеньор, мехоҳам. Ман барои ҳамин омадаам.
— Хайр, ман муқобилат намекунам. Охир шумо ягон қасди бад надоред? Аммо аз ин чӣ нафъ? Ӯ шуморо аз тагҷармии худ фарқ намекунад.
— Ӯ бемор аст? Бо вай ягон фалокат рӯй додааст? Ана ин кас инро ба ман гуфт.
— Ҳа, ман инро ба ӯ гуфтам, — ҷавоб дод Фелим.
— Гапаш дуруст, — ҷавоб дод Зеб. — Ӯ маҷрӯҳ мебошад. Ва ҳозир кам-кам олой мегӯяд. Ба фикрам, ҳеҷ хавфи ҷиддӣ нест. Умед кардан мумкин, ки ба зудӣ ба ҳуш меояд.
— Оҳ сеньор, то сиҳат шуданаш ман мехоҳам ба ӯ касалбонӣ кунам! Аз барои худо, иҷозат диҳед, ки дароям ва ман ба ӯ нигоҳубин мекунам. Ман дӯсташ, дӯсти содиқаш.
— Майлаш, ин ҳеҷ ҷон гандагӣ надорад. Мегӯянд, ки ба бемор нигоҳубин кардан — ин кори зан. Ростӣ гап, аз бозии занамро гӯрондан, инро наозмудаам. Модоме, ки шумо дӯсташ бошеду ба ӯ нигоҳубин кардан хоҳед, марҳамат. То рафта омадани мо, метавонед ҳамроҳаш истед. Лекин назорат кунед, ки аз кат наафтад ва бандинаҳояшро канда напартояд.
— Хотиратон ҷамъ бошад, сеньор. То аз дастам омадан, ман ӯро эҳтиёт мекунам. Вале гӯед: кӣ ӯро захмдор кард? Ҳиндуҳо? Охир онҳо дар ин наздикиҳо нестанд. Ӯ бо ягон кас занозанӣ кард?
— Дар ин хусус, сеньорита, чӣ қадаре ки шумо донед, ман ҳам ҳамон қадар медонам. Ӯ бо койотҳо задухӯрд кардааст. Вале зонуяш маюб мебошад ва ба ин койотҳо гуноҳ надоранд. Ман дирӯз пеш аз ғуруби офтоб ӯро дар паттазор ёфтам. Ӯ то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор