Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
тааҷҷуб намоён гардид ва он аз тааҷҷуби чеҳраи духтар камтар набуд.
Ӯ беэътиноёна ким-чӣ гуфт, вале аз байни ғалоғулаи ҳамоно давом карда истода суханони ӯро шунидан мумкин набуд ва фақат аз рӯи имову ишора тахмин кардан мумкин буд, ки дар гумон онҳо махсус боодабона буданд.
Ӯ ба сӯи асп, ки ҳамоно чиррос мезад, равон шуд ва он кореро анҷом дод, ки ба ҷуз вай дигар кас ба анҷом доданаш ҷуръат намекард — ӯ думи аспи девонагаштаро бардошт ва хорҳоро, ки то ҳол ӯро азоб медоданд, гирифт.
Дарҳол хомӯшӣ ба миён омад, чунки дигар иштирокчиёни хор ба шиҳакашии девонавори модиён одат карда, кайҳо хомӯш гардида буданд.
Исидора ҳамоно ба ҳеҷ чиз сарфаҳм намерафт ва фақат ба андоми хандаовари дар дами дари кулба истода назар андохта, пай бурд, ки шикамғафс кадом як супоришро бомуваффақият иҷро кард.
Вале ҳамин ки Стумп бо қиёфаи таҳдидомез ба тарафи кулба баргашт, аз мағрурии Фелим осоре ҳам намонд. Ҳатто ҳузури духтари соҳибҷамол ҷараёни суханони қабеҳи ӯро боздошта натавонист.
— Эҳ, каллаварам! Ирландии аблаҳ! Пурсида мешавад, ки барои чӣ ту маро ба ин ҷо чеғ задӣ? Ман навакак ба мурғи марҷони калони тахмин сӣ фунт меомадагӣ нишон гирифта будам. Ман куланги милтикро накашида модиёни лаънатӣ ӯро хӯсонд. Акнун ноштоямон аз даст рафт!
— Вале, мистер Стумп, охир шумо худатон ба ман фармуда будед! Шумо гуфтед, ки агар ягон кас ба ин ҷо биёяд...
— Ҳай аблаҳ ҳастӣ! Наход ин ба зан дахл дошта бошад?
— Ман аз куҷо донам, ки ин зан аст? Шумо ба асп нишастанашро медидед! Аз мард ҳеҷ мондани надорад!
— Фарқаш чӣ ки бар асп чӣ хел мешинад? Каллаварам, магар пеш надида будӣ ки ҳама занони мексикой ҳамин хел ба асп савор мешаванд? Ба назарам чунин менамояд, ки аз вай дида ту бисёртар ба зан монанд; аммо аз вай дида бист ма-ротиба ақлат камтар аст. Ба ин боварӣ дорам. Ман пеш ӯро якчанд маротиба дида будам ва баъзе сифатҳояшро ҳам шу-нидаам. Намедонам, кадом шамол ӯро ба ин ҷо паррондааст. Ва инро аз ӯ фаҳмидан гумон аст — ӯ фақат ба шеваи мекси-кони худ гап мезанад. Ман бошам онро намефаҳмам ва фаҳ-мидан ҳам намехоҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор