Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ӯро ба қасди бад гумонбар мешуд; набошад чаро Зеб исрор намуд, ки ӯро чеғ занад?
Худи Фелим фикри муқобилатро аз сар дур карда буд. Таппончаи ялақкосӣ ҳоло ҳам ба назараш менамуд ва ӯ бо ин савораи аҷиб асло ҷанҷол кардан намехост; бе ҳеҷ мамоният ӯро ба кулба мегузошт.
Вале боз як ҳомии дигар буд, ки басе боҷасоратона даромадгоҳи ҳакалеро посбонӣ мекард ва ӯро як батареяи тӯпҳои вазнин тарсонида ҳам наметавонист. Ин Тара буд.
Уллоси дурударози маҳзунонаи саг ҳар дам ба аккоси канда-кандаи бадҳашмона иваз мешуд. Тара ҳам аз меҳмони нохонда шубҳа мекард — рафтори Исидора ба саг душманона менамуд. Тара бо ҷисми худ Фелим ва дарро паноҳ карда, дандонҳои тезашро нишон дода, ошкоро фаҳмондан мешуд, ки немураду ҳеҷ касро ба кулба даромадан намемонад.
Вале Исидора ба хоҳиши худ исрор намекард. Эҳтимол, тааҷҷуб ягона эҳсосе буд, ки ӯ дар ин асно ҳис мекард.
Ӯ беҳаракат ва хомӯш меистод. Ӯ интизорӣ мекашид. Бешак, пас аз чунин муқаддимаи аҷиб мебоист анҷоми мувофиқ фаро мерасид. Исидора аз шиддати ҳисси кунҷковӣ, пурсаброна поёни ин намоишро мунтазир буд.
Аз ҳаяҷону изтироби пештараи вай осоре ҳам намонда буд. Он чӣ ки ӯ дид, ниҳоят хандаовар буд, ки ба ҳарос афтад ва дар айни замон аз ҳад зиёд номафҳум буд, ки боиси ханда гардад.
Дар чеҳраи шахсе, ки ин гуна аҷиб рафтор мекард, осоре аз табассум дида намешуд — он пештара барин тамоман ҷиддӣ буд. Равшан буд, ки ин одами аҷоибтабиат асло шӯхӣ кардан намехоҳад.
То он даме, ки аз байни дарахтон шахси қоматбаланде нимтанаи нимдошт ба тан ва милтики дарозмил ба даст намоён нагардид, ӯ ҳамоно ҳайрон меистод. Марди қоматбаланд қариб медавид.
Ӯ рост ба сӯи кулба меомад. Чун духтар марди ношиносро дид, дар чеҳрааш ҳаяҷону изтироб намоён гардид ва дасти хурдакак таппончаро сахттар фишурд.
Ин кор то андозае аз эҳтиёт, то андозае беихтиёр ба ҷо оварда шуд. Ҷои тааҷҷуб набуд: ҳар кас мебуд, ҳам чеҳраи ҷиддии азамати тез-тез ба сӯи кулба қадам партофта омада истодаро дида, ба изтироб меафтид.
Вале вақте ки он мард ба ялангӣ баромад, дар чеҳрааш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор