Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Сеньорита аз ин нияти аҷиб дар тааҷҷуб монда хомӯш гардид.
Рафтори Фелим чунон бемаънӣ буд, ки ӯро ба хиёнаткорӣ гумонбар шавад. Қиёфа, тарзи ист, ҳаракати сару дастонаш аз таҳдид дида, бештар масхарабозона буд.
— Сукут — аломати ризо. Ташаккур,— гуфт Фелим. Акнун ӯ хотирҷамъ буд, ки аз тахтапушташ тир намехӯрад.
Ӯ тозон маргзорро миёнбур карда ва ҳама дастурҳои шикорчии пирро айнан иҷро намуд.
Исидора аввал аз тааҷҷуб дам намезад, вале минбаъд ҳам хомӯш истод, чунки гап задан нафъ надошт.
Фелим акнун супориши шикорчиро иҷро карда буд, ки шиҳаи модиён ва баробари он садои покӯбии ӯ баланд гардид; уллоси маҳзуни саг ба ӯ ҳамовоз шуд; ва ҳамон замон хори бутуни садоҳои ҷангалӣ — паррандагон, даррандагон ва хазандагон — ба ин консерти шиддатнок ҷӯр шуд, ки овози худро дар ин миён шунаво кардан кори ҳар кас набуд.
Исидора бо ҳайрат хомӯш меистод. Ӯ дигар чора надошт. Ҳоло ки ин ғавғои гӯшкаркунанда давом мекард, ҷон кохонда хоҷати як чиз-ним чиз пурсидан набуд.
Фелим гашта ба дари ҳакале наздик шуд ва аз нав дар дидбонӣ истод ва мисли актёре, ки роли худро нағз бозидааст, қаноатманд буд.
Боби LVIII
БӮСАИ ЗАҲРОЛУД
Ин консерти тоқатфарсо расо даҳ дақиқа давом кард: модиён мисли хукбачаи нимбисмил чиррос мезад, саг бошад ба ӯ ҳамовоз шуда маҳзунона уллос мекашид ва аз ҳар ду соҳили дарёча акси садо ба ӯ ҷавоб медод.
Ин садоҳо ба масофаи як миль паҳн мегардиданд. Гумон буд, ки Зеб Стумп дур рафта бошад ва ӯ ҳатман бояд ин садоҳоро мешунид.
Фелим шубҳа надошт, ки Зеб фавран расида меояд, бинобар ҳамин якзайл дар остона меистод ва умедвор буд, ки ақаллан то даме, ки вай аз вазифаи посбонӣ озод карда нашавад, духтари ношинос дубора кӯшиши даромадан намекунад.
Бо вуҷуди боваркунониҳои духтари мексикой, Фелим ҳанӯз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор