Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ҳозир ин айни муддао — мо ба наздикӣ сафар мекунем ва ба мо пул лозим. Хӯш, агар пул оварда бошед, дигар чизаш — коғаз, пар ва рангашро мо дар кулба пайдо мекунем. Дар як лаҳза ман ба шумо забонхат медиҳам.
— Не, не, не! Ман дар бораи пул гап назадам. Ин қарзи миннатдорӣ.
— Эҳ, ҳамааш ҳамин! Хайр, додани ин қарз мушкил не. Забонхат ҳам лозим не. Вале ҳозир вақти додани ин хел қарзҳо не. Аздусар хоҷаам ҳеҷ чиз намефаҳмад. Ба ҳуш ки омад, ман ба ӯ мегӯям, ки шумо омада будед ва қарзатонро адо кардед.
— Вале ба ҳар ҳол ӯро дидан мумкин?
— Гуфтам, ки ҳозир мумкин не.
— Ман бояд ӯро бибинам!
— Ҳаминаш кам буд! Маро ба посбонӣ гузоштанд ва сахт таъкид карданд, ки ҳеҷ касро намонам.
— Вале ин ба ман дахл надорад. Охир ман дӯсти ӯ мебошам. Дӯсти дон Морисио.
— Ман аз куҷо донам? Агарчи сурататон хушрӯякак бошад ҳам, шумо душмани қаттоли ӯ буда метавонед.
— Вале ҳатман ӯро диданам лозим, ҳатман! Ман ӯро дидан мехоҳам ва мебинам!
Исидора ин суханро гуфту ҷаста аз асп фуромаД ва ба сӯй дар равон шуд.
Қиёфаи ҷасурона ва бадҳашмонаи ӯ ба Фелим нишон доД, ки вақти иҷрои супориши Зеб Стумп расидааст. Ӯ фурсатро аз даст надода, ба сӯи кулба шитофт ва томағавк дар даст аз он ҷо баромад; ӯ аз паҳлӯи меҳмони нохонда дартоз гузаштагӣ буд, вале чун дид ки ӯ мили таппончаро ба тарафаш тӯғрӣ кардааст, якбора дар ҷояш истод.
— Табарро парто! — фарёд зад Исидора.— Муттаҳам, ба ман табар бардору қандата хӯр — ҷо ба ҷо мемурӣ!
— Ба шумо, хонум? — аз тарс каме ба худ омада, гур-гур кард Фелим.— Модархудои куддуса! Ман ин аслиҳаро бо мақсади ба муқобили шумо бардоштан нагирифтаам. Ба ҳамаи авлиё ва анбиёҳо қасам мехӯрам!
— Набошал барои чӣ гирифтед? — пурсид Исидора ва хатоии худро фаҳмида, мили таппончаро фуровард.— Чаро шумо ин тавр мусаллаҳ шудед?
— Ба ҷонатон қасам, ки фақат барои ҳамин ки супоришро иҷро кунам; ман бояд кактусро бурам — хугана дар он ҷо рӯйдааст ва ба зери думи ана ин асп тикконам. Охир шумо ба ин муқобил нестед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор