Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Оҳ сеньор, наход ӯ бемор бошад?
— Худи худаш. Вале чӣ илоҷ, азизам, инро пинҳон доштан лозим нест, — он чӣ ки ман гуфтам, аз ин на дардаш сабук мешавад, на вазнин. Инро дар рӯяш гӯӣ ҳам, ӯ баҳс намекунад.
— Пас, бемор аст? Сеньор, гӯед, ки чӣ касал шудааст ва сабаби касалиаш чист?
— Хуб. Вале ман фақат ба як саволи шумо — ба якумаш ҷавоб медиҳам. Касалиаш аз рӯи захм, аммо кӣ ӯро захмдор кардааст, Худо худаш медонад. Пояш дард мекунад. Пӯсташ намудеро дорад, ки гӯё ӯро ҳамроҳи даҳ гурбаи бадкаҳр ба ҷуволе андохта бошанд. Ҳатто ба андозаи кафи дасти шумо ҷои сиҳати пӯсташ нест. Бадтар аз он — ӯ беҳуш хобидааст.
— Беҳуш аст?
— Ҳа. ӯ мисли касе, ки шабаш зигарӣ арақ хӯрда бошад ва фикр мекунад, ки оташков гирифта аз қафояш пеш карда истода бошанд, сафсата мегӯяд. Ба назарам, як чакра шароб барои вай беҳтарин дору мебуд, — вале, модоме ки он нест, чӣ илоҷ! Ҳам қумқума, ҳам суроҳӣ — ҳамааш холӣ аст. Шумо ҳамроҳатон ақалан ягон қумқумачаи май надоред? Камтаракак агвардиент — зоҳиран, ба забони шумо, ҳамин тавр меноманд? Ман аз ин расвотарашро ҳам нӯшидагӣ. Як култ аз ин моеъ мебуд, яқин ба хоҷам хеле нафъ мекард. Росташро гӯед хонум: ҳамроҳатон ақалан як чакра ҳам надоред?
— Не, сеньор, аз ин қабил чизҳо ман бо худ гирифта намегардам. Мутаассуфона, нест.
— Афсӯс! Ба мастер Морис раҳмам меояд. Ин мисли нӯшдору ба ӯ нафъ мекард. Вале чӣ илоҷ, қаноат кардан дуруст меояд.
— Вале, сеньор, наход рост гӯед, ки ӯро дидани ман мумкин нест?
— Албатта. Диданатон чӣ лозим? Аздусар ӯ шуморо аз бибикалонаш фарқ карда наметавонад. Ман охир ба шумо гуфтам, ки аъзои баданаш захмдор мебошад ва беҳуш хобидааст.
— Дар он сурат ман бояд ӯро бибинам. Шояд, ман ба ӯ ёрдам карда тавонам. Ман аз ӯ қарздорам...
— Эҳ, шумо аз ӯ қарздоред ва мехоҳед қарзатонро диҳед? Ин тамоман гапи дигар. Вале дар он сурат ӯро диданатон шарт нест. Ман мудири ӯ мебошам ва ҳама корҳои ӯ аз дасти ман мегузаранд. Рости гап, ман навишта наметавонам, вале дар забонхат салибчаҳо гузошта метавонам, ки ин комилан кифоя мебошад. Далерона он пулҳоро ба ман додан гиред — ба шумо қасам мехӯрам, ки хоҷаам дуюмбора онро талаб намекунад.

пешина
аз 509
навбатӣ