Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

аспони ваҳшӣ ба ин ҷо меояд. Ӯ фақат то тамом шудани айёми шикор дар ин ҷо манзил гирифтааст. Эҳ, агар шумо кӯшки зебои ӯро дар ватанаш, дар Ирландияи бостонӣ медидед! Ба нозанини чашмкабудаш менигаристед! Эҳтимол, бечоракаҳак, чашм дар роҳи ӯ хун гириста истода бошад. Эҳ, агар ҷамоли оламоронии ӯро медидед!

Бо вуҷуди ба лаҳҷаи ирландӣ гап задани Фелим, Исидора суханони ӯро фаҳмид.

— Рашк — тарҷумони хубест. Чун Фелим калимаи кӯтоҳи «ӯро» ифода намуд, монанд ба оҳи ҷигарсӯз нидое аз қаъри дили Исидора баромад.

— Ман ҳаргиз майли «ӯро» дидан надорам, — дар додани ҷавоб шитоб кард вай. — Ман ҷавонро диданӣ. Ӯ дар хона аст?

— Дар хона аст ё не? Ана ин саволи рӯйрост. Фарз кардем, ки дар хона гӯям. Он гоҳ чӣ?

— Ман ӯро диданӣ будам.

— Эҳ, ана гап дар куҷо! Сабр карданатон дуруст меояд. Ҳозир вақти меҳмонқабулкунӣ нест: ба назди вай фақат духтур ё кашишро мондан мумкин, нозанини ман. Шуморо бошад даромадан намемонам.

— Вале ӯро диданам бисёр зарур, сеньор!

— Ҳм... Ӯро диданатон зарур? Инро ман аллакай шунидам. Лекин ин ба шумо муваффақ намегардад. Фелим О'Нил фақат гоҳҳо илтимоси соҳибҷамолонро, хусусан шумо барин чашму абрӯсиёҳонро рад мекунад. Модоме ки манъ бошад, чӣ илоҷ?

— Вале чаро мумкин не?

— Ин бисёр сабабҳо дорад! Якумаш — барои он ки ҳозир ӯ меҳмонро, хусусан агар меҳмон зан бошад, қабул карда наметавонад.

— Вале барои чӣ, сеньор, барои чӣ?

— Барои он ки сару либоси дуруст надорад. Агар латтакӯҳнаҳоеро, ки мистер Стумп аъзои бадани ӯро печонидааст, ба назар нагирем, дар бар фақат як курта дорад. Чин занад! Барои дӯхтани як даста либос — сюртук, жилет ва шим ин латтакӯҳна кифоя буд.

— Сеньор, ман гапи шуморо намефаҳмам...

— Оҳ, намефаҳмед! Магар ман ба қадри кифоя равшан нагуфтам, ки ӯ дар бистар хобидааст?

— Дар ин вақти рӯз хобидааст! Умедоварам, ҳеҷ воқеа...

— ...бо ӯ рӯй надодааст, мехостед гӯед? Бадбахтона, рӯй додааст ва чунон ҳам сахт рӯй додааст, ки ҳафтаҳои бисёр хобиданаш дуруст меояд.

пешина
аз 509
навбатӣ