Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло ки Фелим гоҳ дар дил, гоҳ бо овози баланд муҳокима меронд, савора боз якчанд қадам пеш омада, истод.

Дар ин масофа Фелим қатъиян боварӣ ҳосил намуд, ки ҷинси саворон ношиносро дуруст муайян кард, агарчӣ ӯ мисли мардон бар зин менишаст ва дар сар кулоҳи мардона ва дар китф серапе дошт, ки ин одами басе пуртаҷрибаро ҳам ба иштибоҳ андохта метавонист.

Ӯ дар ҳақиқат зан буд. Ӯ Исидора буд.

Чӣ тавре ки Исидора бори аввал Фелимро медид, Фелим низ Исидораро бори аввал медид. Пеш аз ин онҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро надида буданд. Фелим дуруст пай бурда буд, ки чеҳраи духтар хурсанд набуд. Баръакс, он маҳзун, ҳатто зиёда аз ин яъсу ноумедӣ бар он соя афканда буд.

Вақте ки Исидора аз паси дарахтон намоён гардид, дар нигоҳаш тарсу ҳарос пайдо буд. Чун ба марғзор асп ронд, ғам аз чеҳрааш дур нашуд — дар он тааҷҷуб намудор гардид, ки бо ноумедӣ омехта буд.

Гумон буд, ки вай аз дидани кулба дар тааҷҷуб монда бошад: Исидора вуҷуд доштани онро медонист. Мақсади сафари ӯ низ ҳамин буд. Эҳтимол, андоми аҷибу ғариб дар дамгаҳи дар духтарро дар ҳайрат монд. Он касеро, ки ӯ дар он ҷо дидан мехост, ин вай набуд.

Барои пурсуҷӯи он шахс духтар беҷуръатона наздиктар омад.

— Ман саҳв накардаам? — бо забони америкой пурсид Исидора. — Бубахшед, вале ман... фикр кардам, ки дон Морисио дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад.

— Дон Моришо гуфтед? Не. Дар ин ҷо ин хел одам зиндагӣ намекунад. Дон Моришо? Ман як касро медонистам, ки фамилияаш Мориш буд ва дар наздики Баллибаллоҳ зиндагӣ мекард. Он ҷавон нағз дар хотирам ҳаст, чунки вақти асп харидан маро боб карда фиреб дода буд. Лекин номаш Дон не, балки Пат буд. Ӯро Пат Мориш меномиданд.

— Дон Морисио, Мо-рис, Мо-рис.

— Ҳа, Морис! Шояд, шумо хоҷаи ман Морис Чералдро пурсед?

— Ҳа-ҳа! Сеньор Зераль.

— Ҳӯш, агар ба шумо мистер Чералд лозим бошад, ӯ дар ҳамин кулба зиндагӣ мекунад, дурусттараш — пас аз шикори

пешина
аз 509
навбатӣ