Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шикорчии пир ин суханонро гуфту милтиқи милдирози худро ба китф овехта, аз кулба баромад.
— Пирамарди бало, — гуфт Фелим ҳамин ки Зеб масофаи муайянеро тай карда, акнун овози ӯро шунида наметавонист. — Вале барои чӣ ӯ метарсад, ки агар ягон кас ба ин ҷо омада монад, ҳоли хоҷаи ман табох мешавад? Ӯ ҳатто гуфт, ки ҳаёти ӯ аз ҳамин вобаста мебошад. Оре, ӯ ҳамин тавр гуфт. Ӯ ба ман гуфт, ки аз роҳ чашм наканам. Гӯё вай мехост, ки ман дарҳол ин корро бикунам. Рафта мебинам.
Фелим ба чакалак баромад ва ба ҳама пайраҳаҳои ба сӯи кулба омадагӣ бо диққат назар андохт.
Пас гашта омада мисли посбон дар назди дар истод.

Боби LVII
ИШОРАИ ШАРТӢ

Фелим дар посбонӣ бисёр наистод. Аз байни даҳ дақиқа нагузашта, ӯ садои суми аспро шунид. Касе ба кулба наздик мешуд.
Дили Фелим гуп-гуп задан гирифт.
Анбӯҳи дарахтон ба дидани савора халал мерасониданд ва ӯ кӣ будани меҳмонро ҳеҷ муайян карда наметавонист. Вале аз садои помонии асп ӯ пай бурд, ки касе танҳо меояд; айнан ҳамин ба дили ӯ воҳима андохт. Агар дартоз омадани отрядеро мешунид, камтар ба изтироб меафтид. Агарчӣ ӯ акнун нағз медонист, ки мустангер дар кулба хобидааст, ба ҳар ҳол асло намехост, ки аз нав бо саворае, ки агар сарашро ба назар нагирем, ба хоҷаи вай хеле монанд буд, вохӯрад.
Аввало Фелим хост, ки чакалакзорро тозон миёнбур карда, супориши Зебро ба ҷо биёрад. Аммо тарс ӯро дар ҷояш мехкӯб кард ва пеш аз ки ҷасорат пайдо кунад, боварӣ ҳосил намуд, ки тарсу ҳароси вай бекора мебошад: савораи ношинос сар дошт.
— Сараш дар ҷояш, — вақте ки савора аз паси дарахтон баромада дар охири маргзор дар рӯ ба рӯ истод, гуфт Фелим. — Сари ҳақиқӣ ва ба болои ин чеҳрааш ҳам зебо, лекин чандон хурсанд не. Фикр кардан мумкин, ки он бечора ба наздикӣ бибиашро ба хок супурдааст! Пойчаҳояш чӣ тавр хурдакак... Ё арвоҳи пок, охир ӯ зан-ку!

пешина
аз 509
навбатӣ