Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Хотирҷамъ бошед, мистер Стумп, ҳар чӣ ки лозим бошад, мекунам. Ба виҷдонам қасам...
— Дам шин, мон ки гапамро тамом кунам!
— Хӯш, хӯш, дигар даҳан намекушоям.
— Ҷоғатро гир, охир! Нағзакак дар хотир дор: вақти ман набудан агар ягон кас омада монад, дарҳол ба ман хабар деҳ.
— Дилатон пур бошад.
— Эҳтиёт бош, фиреб надеҳ!
— Фиреб намедиҳам, лекин чӣ хел хабар диҳам, мистер Стумп? Шояд, шумо дур раведу овози фаръёди маро нашунавед. Дар он сурат чӣ кор кунам?
— Дур рафтанам гумон — саҳарӣ дар соҳили дарё мурғи марҷони даштиро задан кори мушкил не. Ба ҳар ҳол кӣ медонад? — пас аз дақиқае фикр кардан ба гап давом намуд Зеб. — Дар кулбаат милтиқ ёфт мешавад? Таппонча ҳам бошад шудаст.
— На милтиқ аст, на таппонча. Хоҷаам онҳоро бо худ бурда буд. Эҳтимол, дар поселка монда бошад.
— Кор чатоқ. Охир дар ҳақиқат фаръёди туро нашуниданам мумкин.
Зеб аз дар баромаданӣ буд, аммо дар ҷояш истода ба фикр фурӯ рафт.
— Ёфтам! — пас аз андаке фикр кардан хитоб намуд ӯ. — Ёфтам! Байтали пири маро мебинӣ?
— Чӣ тавр набинам, мистер Стумп? Албатта, мебинам.
— Хайр. Дар канори ялангӣ кактусҳои хордорро мебинӣ?
— Мебинам.
— Офарин! Акнун гӯш кун. Чашматро аз роҳ накан. Агар вақти ман набудан ягон кас омада монад, тохта ба назди кактус раву ягон шохчаи серхорашро интихоб карда бур ва ба зери думи модиёни ман тиккон.
— Худоё! Ин барои чӣ?
— Майлаш, ба ту фаҳмонидан дуруст меояд, — ба фикр фурӯ рафта гуфт Зеб, — набошад, боз ҳама корро расво карда намонӣ. Медонӣ чӣ, Фелим, агар ягон кас ба ин ҷо омада монад, бояд бохабар шавам. Ман дур намеравам, вале ба ҳар ҳол овози туро нашунида монданам мумкин. Бигузор модиён шиҳа кашад — ба ҳар ҳол овози ӯ аз овози ту баландтар аст. Фаҳмидӣ, Фелим? Эҳтиёт бош, ҳар чӣ ки ба ту гуфтам, ҳамон тавр кун!
— Ҳатман иҷро мекунам!
— Эҳтиёт бош, фаромӯш накун. Шояд ҳаёти хоҷаи ту аз ҳамин вобаста бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор